16 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Хорватия муҳтарам Зоран Миланович барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Лутфан табрикоти самимӣ ва таманниёти неки инҷонибро ба муносибати интихоб шуданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Хорватия қабул фармоед.
Пирӯзии Шумо дар интихобот гувоҳи боризи ҷонибдории шаҳрвандони кишваратон аз сиёсати пешакардаи Шумо дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии Хорватия ва таҳкиму тақвияти мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб изҳори умед менамоям, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди миёни Тоҷикистон ва Хорватия бо талошҳои муштараки мо минбаъд низ мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон рушду тавсеа хоҳанд ёфт.
Омодагии хешро ҷиҳати пешбурди ин раванд ва идомаи муколамаи созандаи байнидавлатии кишварҳоямон иброз менамоям.
Ба Шумо саломатии комил ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми Хорватияи дӯст сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии бардавом орзу менамоям».