Бозигари тими миллии Тоҷикистон Шервонӣ Мабатшоев фаъолияти худро дар дастаи «Капаз»-и Озарбойҷон идома медиҳад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Мабатшоев ба ҳайси бозигари озод ба тими озарбойҷонӣ пайваст. Бо гузашти 18 давр, дастаи нави Мабатшоев бо касби 11 имтиёз дар мавқеи 9-уми Пример лигаи Озарбойҷон қарор дорад. Бозии навбатии “Капаз” дар даври 19-уми Пример лигаи бо “Туран” аст, ки эҳтимол аст Шервонӣ дар ин вохӯрӣ ба майдон барояд.
То гузариш ба дастаи Озарбойҷон, Шервонӣ Мабатшоев дар бошгоҳҳои «Барқчӣ», КМВА ва «Истиқлол» бозӣ кардааст.
Ҳамчунин Мабатшоев дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон 13-уми декабри соли 2018 дар бозии дӯстона муқобили тими миллии Уммон (1:2) аввалин бозиашро анҷом додааст. То ҳол бошад дар 29 вохӯрии тими мунтахаб ширкат карда, 6 гол ҳам ба нишон расонидааст.
Рустам Зоиров
радиои “Тоҷикистон”