Футболбозони навраси тоҷик (U-17) бозиҳои санҷиширо бо пирӯзӣ оғоз карданд

Бозигарони навраси Тоҷикистон, ки ҷиҳати омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё – 2025 дар Туркия қарор доранд, дидори аввали худро доир намуда, пирӯзӣ ба даст оварданд. 

Дирӯз бозигарони 17-солаи тоҷик бо тими “Манавгат Беледиеспор”-и Туркия рақобат карда, бо ҳисоби 1 бар 0 зафар ёфтанд. Ягони голи вохӯриро бозигари тими Тоҷикистон (U-17) Фирӯзҷон Шарифов ба нишон расонид. 

Ба ғайр аз ин наврасони тоҷик 3 бозии дигар баргузор мекунанд. Наврасони тоҷик дар дидори дуюм фардо бо “Шахтёр” (U-17)-и Украина, санаи 21-уми январ бо ҳамсолони худ аз Қувайт ва рӯзи 23-юми январ бо дастаи Академияи “Краснодар” дидор анҷом медиҳанд.

Рустам Зоиров

радиои “Тоҷикистон”