13 январ дар синни 85-солагӣ дар шаҳри Москва пас аз бемории вазнин ва тӯлонӣ собиқадори футболи точик, устоди варзиши ИҶШС, мураббии хизматнишондодаи ҶШС Тоқикистон Олег Иосифович Хаби даргузашт. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Олег Хаби ҳамчун ҳимоятгар бозӣ мекард. Аз соли 1962 то соли 1972 дар бошгоҳҳои «Энергетик»-и Душанбе ва «Помир»-и лигаи дуюм ва якуми класси «А»-и ИҶШС баромад карда, дар 261 вохӯрӣ 14 гол задааст.
Пас аз анҷоми фаъолияти бозигарӣ Хаби аз соли 1976 то 1980 ва аз соли 1983 то ноябри соли 1988 узви ситоди мураббиёни «Помир»-и Душанбе буд. Моҳи ноябри соли 1988 ба ҷойи Шариф Назаров сармураббӣ таъйин гардид.
«Помир» таҳти роҳбарии Олег Хаби тамоми мавсими 1989-ро сипарӣ намуда, дар он бори аввал дар лигаи олии ИҶШС баромад кард ва дар натиҷа зинаи 13-умро ишғол намуд.
Соли 1990 роҳбарии «Помир»-ро боз Шариф Назаров ба уҳда гирифту Хаби ёвари ӯ шуд.
Солҳои 1993-1994 дар ҳайати мураббиёни «Ротор»-и Волгоград кор кардааст.
Солҳои зиёд Олег Хаби дар системаи «Локомотив»-и Маскав ба ҳайси мураббии кӯдакона фаъолият намудааст.
Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хонавода ва наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ кардааст.