Имрӯз дар толори намоишии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон конфронс ва намоиши асарҳои эҷодии устодон ва шогирдони кафедраи графика ва миниатюраи ба номи Фаррух Хоҷаев тахти унвони «Ёди ёри меҳрубон…» оғоз гардид.
Намоиши мазкур ба хотири гиромидошти ёди собиқ раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, рассом, график устод Фарух Хоҷаев баргузор гардида, дар қисмати аввали он роҷеъ ба саҳми Фарруз Хоҷаев дар омода намудани рассомони ҷавони тоҷик конфронс доир шуд.
Нахуст, иштирокдорони чорабинӣ ба зиёрати марқади устод рафта, дар сари қабраш гул гузошта, хотирашро пос доштанд.
Сипас, дар донишкада конфронс доир шуд. Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ ректори Донишкада Ҷамшед Ғанизода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки аз кори рассоми шаҳири тоҷик шодравон Фаррух Хоҷаев, ки як қисми таърихи фарҳанги бой ва тӯлонии тоҷиконро тасвир намудааст, кулли бинандагон таассуроти хуб бардоштаанд, зеро дар асарҳои номбурда, ки бо сабку услуби вежаи хос ба устод тасвир шудаанд, нозукиҳои фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик инъикос шудаанд.
Қайд гардид, ки Фаррух Хоҷаев соли 1960 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, баъди хатми Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов дар нашриёти «Ирфон» ба сифати рассом фаъолияташро оғоз намудааст. Шодравон рассоми соҳаи графика, кулолгар, муҷассамасоз ва ҳайкалтароши маъруфи тоҷик ба ҳисоб мерафт ва саҳми ӯ дар пешбурди ҳунари рассомиву дар ин замина, тайёр намудани шогирдон хеле назарас мебошад.
“Асарҳояш тӯли солҳои гуногун дар осорхонаҳои Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ, Россия ва кишварҳои Аврупо ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Ин гувоҳи эътирофи рассоми тоҷик дар арсаи байналмилалист”, – гуфт ректор.
Зикр шуд, ки Фаррух Хоҷаев дар солҳои охири умр ба ҳайси декани факултети санъати тасвирии Донишкада ва раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон фаъолият мекард. Ин рассоми барҷастаи тоҷик 15 декабри соли 2019 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм даргузашт. Марги ӯ талафоте буд дар фарҳангу санъати тоҷик.
Таъкид шуд, ки ба хотири қадршиносии хизматҳои устод дар рушди Донишкада кафедраи графика ва миниатюра факултети санъати тасвирии Донишкада ба номи Фаррух Хоҷаев гузошта шуда, то имрӯз дар ҳамин шакл фаъолият дорад.
Пас аз ифтитоҳи расмии ҳамоиш Рассоми халқии Тоҷикистон профессор Сабзалӣ Муродзодаи Шариф, узви Иттифоқи рассомон ва дизайнерони Тоҷикистон Манзура Улҷабоева, Арбоби санъати Тоҷикистон Мизробшо Холов, мудири кафедраи графика ва миниатюра Атоев Фаррух, мудири кафедраи санъатшиносӣ Бика Ёғибекова ва омӯзгори кафедраи графика ва миниатюра Парвина Ҷалолова роҷеъ ба рӯзгору фаъолият ва нақши мондагори Фаррух Хоҷаев дар рушди санъату фарҳанги миллати тоҷик ва тарбияи рассомони ҷавон суханронӣ намуданд.
Дар идома иштирокдорон намоиши асарҳои устодону донишҷӯёни кафедраи графика ва миниатюраи ба номи Фаррух Хоҷаевро, ки зиёда аз 50 асарро дарбар мегирад, тамошо карданд. Намоиш дар толори Донишкада то 10-уми феврали соли 2025 давом мекунад.
Фирдавси Низом,
радиои “Тоҷиикистон”