Вуқуи заминларза дар кишвар дар нимашаб

КҲФ дар такя ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 13-уми январи сол 2025 соати 01:03 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, маркази ин зилзила 443 километрии шарқи шаҳри Душанбе, 43 километрии шимолу шарқи ноҳияи Мурғоби ВМКБ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Манбаъ гузориш додааст, ки қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 4 балл, дар ноҳияи Мурғоб 2-3 балл буд.

Бар асари ин заминларза талафони ҷонӣ ва хисороти дигар сабт нашудааст.