Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 9 январ мақолае бо номи “Паёми Пешво – ташреҳи ҳадафҳои олии сиёсати давлат ва ҳукумати Тоҷикистон” чоп кардааст.
Ба навиштаи муаллиф, Пешвои миллат дар ин Паём барои тавсеа ва рушди тамоми соҳаҳои мамлакат дар заминаи таҳлилҳои амиқу фарогир, натиҷагириҳои бунёдӣ ва масъалагузориҳои дақиқу нишонрас, барномарезиҳои мушаххас ва дурнамосозии манфиатбахш пешниҳод намуданд ва чун ҳамеша нуктаи асосӣ ва меҳварӣ банақшагирии стратегӣ дар соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бонувон, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва сиёсати хориҷӣ ба шумор меравад.
Муаллиф баъди таҳлили нуктаҳои паёми солонаи Пешвои миллат дар хулоса таъкид мекунад, ки Воқеан, Паёми навини, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машъали раҳнамо, як ҳуҷҷати стратегӣ аст, ки роҳи рушди кишварро барои солҳои наздик муайян мекунад.
Дар идома зикр мешавад, ки паём ба ҳалли мушкилоти замони муосир, аз ҷумла, таҳкими иқтисодиёт, беҳбуди иҷтимоӣ, рушди илм ва ҳифзи арзишҳои миллӣ равона шудааст. Таъкид ба сулҳу субот, иштироки фаъолонаи ҳар як шаҳрванд дар ободии Ватан ва ҳифзи ҳувияти миллӣ ҳамчун самтҳои меҳварӣ арзёбӣ гардидаанд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора инчнуин мақолае бо номи “Таъминоти дору. Дар иҷрои уҳдадориҳои касбӣ аз масъулият бештар кор бигирем!” нашр карда, дар он масъалаи дастрасӣ, сифат, судмандӣ ва бехатарии дорувориро матраҳ кардааст.
Муаллиф менависад, ки яке аз сабабҳои то имрӯз дар низоми таъминоти аҳолӣ бо доруворӣ ва хизматрасонии фарматсевтӣ мавҷуд будани баъзе номувофиқатӣ ва номутобиқатиҳо ба меъёрҳо ва қонунгузорӣ – ин аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба таври бояду шояд пурра иҷро нашудани муқаррароти Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла моддаи 7 он, мебошад.
Дар ин замина таъкид мешавад, ки солҳои тӯлонӣ дар сатҳи вилоят, шаҳру ноҳияҳо дар мақомоту муассисаҳои тандурустии давлатӣ ягон нафар мутахассиси таҳсилоти фармасевтидошта, ки барои ташкили таъминот бо доруворӣ ва молҳои тиббӣ масъул аст, кор намекунад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 3 январ мақоле таҳти унвони “ВМКБ. Занбӯриасалпарварони ботаҷриба каманд” нашр кардааст.
Гуфта мешавад, ки соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 56,3 тонна ва соли равон бошад, 63,4 тонна асал истеҳсол шудааст. Яъне, ин нишондод гувоҳи он аст, ки зарфиятҳои мавҷуда дар вилоят хеле зиёданд, вале то ҳол ба пуррагӣ истифода нашудаанд.
Дар ин хусус раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот зимни маросими ҷоизасупорӣ ба ҳунармандони соҳаҳои сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва замбӯриасалпарварӣ иттилоъ дода, зикр намуд, ки аслан усулҳои муосири технологии таъмини амнияти озуқаворӣ замоне амалӣ хоҳанд шуд, ки агар ба масъалаи омода ва ҷалби мутахассисони соҳаҳои мазкур таваҷҷуҳи бештар равона гардад.
Раиси вилоят аз он изҳори нигаронӣ кард, ки «то ҳол занбӯриасалпарварони соҳибтаҷриба дар ВМКБ кам буда, феълан ҳамагӣ дар ҳудуди вилоят 8 ҳазору 826 қуттии занбӯри асал мавҷуд аст. Ҳол он ки теъдоди оилаҳои занбӯри асал сол то сол зиёд шуда истодааст ва ин натиҷа барои вилояти калон, албатта, хеле кам аст», — таъкид дошт раиси вилоят.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 8 январ матлабе бо номи “Аз $300 миллион ба 1 миллиард. Интизориҳо аз сафари Президенти Эрон ба Тоҷикистон” нашр кард.
Муаллиф хабар медиҳад, ки нимаи дуюми моҳи январ Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Душанбе мешавад. Ин аввалин сафари Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон аст ва дар ҳошияи он мулоқоти роҳбарони баландпояи ду давлат, ҳайатҳои расмӣ ва имзои чанд санад пешбинӣ шудааст.
Дар доираи ин сафар як ҳайати баландпоя иборат аз соҳибкорону тоҷирони эронӣ низ ба Душанбе меоянд ва бо ҳамтоёни тоҷики худ масъалаи ҳамкориро баррасӣ хоҳанд кард.
Ғайр аз ин, миёни шаҳрҳои Душанбе ва Шероз роҳандозии парвози мустақим пешбинӣ шудааст. Ҳоло танҳо аз Душанбе ба Теҳрон ва Машҳад парвозҳои мустақим мавҷуданд.
Дар доираи сафари Масъуд Пизишкиён имзои санадҳои нави ҳамкорӣ, кушодани маркази фарҳангӣ ва маркази саломатии Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон низ дар назар дошта шудааст. Дар мавзӯи ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ду кишвар филми муштарак бо чанд забон ба навор гирифта мешавад.
Тибқи иттилои сафорати Эрон дар Тоҷикистон, соли сипаришуда гардишти тиҷорат байни ду давлат ҳудуди 300 миллион доллар расид. Аммо ҳарду ҷониб мақсад доранд, ки ин рақамро то 1 миллиард доллар расонанд. То ин замон чанд лоиҳаи муҳим байни Тоҷикистону Эрон дар соҳаи нақлиёту энергетика аз ҷумла, нақби “Истиқлол” ва неругоҳи “Сангтӯда-2” бо саҳми Эрон амалӣ шуданд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 9 январ хабар медиҳад, ки дар 11 моҳи соли 2024 ҳаҷми умумии содироти нассоҷӣ аз Тоҷикистон 255 миллион долларро ташкил додааст. Вазни умумии маҳслуоти содиротшудаи нассоҷӣ аз 113 ҳазор тонна гузаштааст.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 9 январ зимни нашри матлабе аз камбуди нуқтаҳои фурӯши рӯзномаву маҷаллаҳо дар шаҳри Хуҷанд маркази вилояти Суғд интиқод кардааст.
Муаллиф менависад, ки баъди ҷустуҷӯи зиёд ба вай муяссар шуд, ки дар рӯ ба рӯи Қасри ҷавонони Хуҷанд як дӯкони фурӯши рӯзномаву маҷалла пайдо кунад.
Дӯкондор зимни суҳбат бо муаллиф гила аз он кардааст, ки нуқтаҳои рӯзномафурӯшӣ дар шаҳри Хуҷанд тадриҷан коҳиш ёфта, анқариб ба “нестӣ” расидааст.
Аз гуфтаи вай, сабаби асосии ин ҳолат мавҷудияти фановарӣ ва таҷҳизоти зиёди иттилотӣ аст, ки айни замон тамоми ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, таваҷҷӯҳ ба нашриёти коғазӣ кам шудааст.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”