8 январ дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ, беш аз 2500 бех ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ шинонида шуд. Дар ин бора аз Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд хабар доданд.
Ниҳолҳо аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дастрас гардид.
Маъракаи ниҳолшинонӣ бо иштироки фаъолонаи даҳҳо нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони маҳаллӣ сурат гирифт. Ҳамкории онҳо ва рӯҳияи баланди корӣ имкон дод, ки корҳои ниҳолшинонӣ дар сатҳи баланд ташкил ва иҷро шаванд. Бахусус, таъкид гардид, ки ҳар як шахс масъулияти нигоҳубини ниҳолҳои шинонидашударо ба уҳда гирад, то ки онҳо дар оянда самарабахш бошанд. Ҳадафи асосии ин гуна тадбирҳо на танҳо зебо намудани муҳити зист, балки бедор кардани ҳисси масъулият дар байни мардум оид ба ҳифзи табиат мебошад.
Тибқи нақша, дар давоми соли равон дар ноҳия беш аз 24 ҳазор дарахт ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида хоҳанд шуд.