Ҳушдори КҲФ аз хатари лағзиши тармаву резиши сангу рег дар рӯзҳои оянда

Тибқи маълумоти пешакӣ, то охири ҳафта дар ҷумҳурӣ ҳавои нисбатан гарм боқӣ мемонад. Боридани борфу борон ва ҳарорати аз сифр боло метавонад боиси лағзиши тарма, резиши сангу рег дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ шавад. Туман дар субҳгоҳон аз эҳтимол ду нест.

Дар робита ба ин, КҲФ ба хотири ҷилавгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки то ҳадди имкон эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд, суръати ҳаракатро боло набаранд, фосилаи байни мошинҳоро қатъӣ риоя намоянд. 

Пеш аз сафар омодагии мошинҳоро бисанҷанд, чархҳои тобистонаро бо зимистона иваз кунанд. Талош кунанд мошинашон бо доруқуттии пур аз доруҳои зарурӣ таъмин бошад.

 Бидуни телефонҳои мобилии омода ба сафар баромадан мумкин нест.

Сокинони навоҳии кӯҳиву назикӯҳӣ дар чунин рӯзҳо дар чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, шикор, моҳидорӣ эҳтиёт кунанд.

Дар гарм кардани хонаҳо низ бояд аз эҳтиёт кор гирифт. Истифода аз печҳои дстсохти барқи хатар доранд.

Ҳангоми истифода аз ангишт низ қоидаҳои бехатариро риоя кунанд!