ТАРБИЯИ ШАХСИЯТИ ИННОВАТОР – ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Бардошт аз Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои суръат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025 – 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардид.

Вобаста ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Саидвоҳид Саидумаров чунин ибрози назар намуд:

— Рушди кайҳонии илм ва технология боиси тағйири ҷомеаҳои суннатӣ гардида, моро водор месозад, ки дар ин таҳаввулот унсурҳои бунёдии ҷомеаҳои суннатиро ҳифз ва ба замони нав мутобиқ намоем. Албатта, ин дигаргуниҳо аз шуруи асри XX даҳчанд гашта, муҳаққиқону пажуҳишгаронро муваззаф менамояд, ки унсурҳо, хатарҳо, манфиатҳо, равандҳо ва усулҳои инноватсияро таҳқиқ намоянд. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2025 – 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардиданд. Бинобар ин моро зарур аст, ки вобаста ба пешравии замон назарияҳоеро коркард ва пешниҳод намоем, ки шаҳрвандон дар ин асос манфиатҳои миллату давлати худро дар ҳама гуна ҳолатҳо ҳифз кунанд.

Бояд гуфт, ки инсоният тавассути илм ва технологияҳои нав, аниқтараш инноватсия мекӯшад зиндагии осоиштаву сазовор дошта бошад. Вале набояд фаромӯш кард, ки дар баъзе маврид инноватсия боиси халалдор гардидани ҷомеаи инсонӣ низ мегардад. Аз ин бармеояд, ки инноватсия ва ё навоварӣ чанд паҳлу дошта, истифодаи босамар ва ё бесамари он аз инсонҳо вобаста аст. Агар ба тамоми соҳаҳои фаъолияти инсонӣ, ба мисли тандурустӣ, маориф, демография ва дарозумрӣ, ҷалби аҳолӣ ба меҳнат, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум, масъалаҳои ҷаҳонишавӣ ва муҳоҷират, экология ва тағйирёбии иқлим, энергетика, нақлиёт ва умуман, ҳамаи ҷодаҳо назар андозем, пас шоҳиди он мегардем, ки қариб ҳамарӯза дар он навовариҳо ба вуҷуд меоянд, ки аксарияти онҳо умри кӯтоҳ доранд ва шумораи каме аз онҳо дар ҷомеа хуб ҳазм гашта, ба фарҳанг мубаддал мегарданд.

Барои рушди инноватсия ва татбиқи он дар ҷомеаи мо омилҳои зиёде вуҷуд доранд, ки бартарафсозии саривақтиро тақозо менамоянд. Омилҳои асосӣ ва ё амиқи ин масъаларо бояд, пеш аз ҳама, дар хусусиятҳои ботинии субъект – инноватор ва оммаи иҳотакардаи ӯ ҷӯё шавем, ки кадом омилҳо боиси ба инноватсияҳои манфиатноки назаррас ноил нагаштани мо мегарданд.

Ба андешаи аксарияти муҳаққиқон, мафҳуми инноватсия аввалин маротиба бо тарҷумаи англисии «инноватсия» (маънои нигоҳи нав) дар охири асри XIX ба илм ворид гаштааст, ки боиси ба вуҷуд омадани илме бо номи инноватика гардидааст. Рушди батадриҷи ин соҳа ба солҳои баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон рост меояд, зеро аксарияти давлатҳо дарк намуданд, ки рушди илм ва техника боиси навоварӣ дар тамоми соҳаҳои ҷомеа мегарданд.

Пас аз истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо ба омӯзиши масъалаи навоварӣ машғул гардиданд, ки хеле хушбинкунанда аст. Аммо дар Тоҷикистон ба омӯзиши робитаи моҳияти бунёдии инсон ба инноватсия касе машғул нагардидааст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки масъаларо дар асоси равандҳои маърифатии инсон, зеҳн, зеҳнияти миллӣ, хотираи таърихӣ, характери миллӣ, шуури миллӣ ва дигар унсурҳои бунёдии миллати тоҷик таҳлил намоем.

Қобилияти таҳлили амиқу дуруст барои дарёфти усули нави кор ва ё кашфиёт бениҳоят зарур аст, бинобар ин, инкишофи чунин тафаккур барои насли наврас ниҳоят зарур мебошад. Дар зинаҳои гуногуни таҳсил зарур аст, ки ба хонандагон ба истилоҳ «моҳӣ надиҳему моҳигириро омӯзонем», ки ин амал машаққати зиёду малакаи баланди педагогӣ талаб менамояд. Таҳлил — амали тафаккур ба ҳисоб рафта, роҳҳои ташаккули онро муҳаққиқони соҳа дар омӯзиши соҳаҳои гуногун мебинанд, яъне фард то кадом андозае, ки бо донишҳои соҳаҳои гуногун мусаллаҳ бошад, то ҳамон андоза тафаккури таҳлилии хешро рушд додааст.

Агар мо хоҳем, ки тафаккури мантиқии наврасонро барои муддати кӯтоҳ рушд диҳем, дар мактаби миёна ба омӯзиш ва ҳалли масъалаҳо (на ба мисолҳо) аҳамият додан лозим аст, аммо барои рушди тафаккури мантиқии дарозмуддат мо бояд дар байни хонандагон хондани китобҳои бадеии пурмазмун, ки дорои мазмуну муҳтавои худшиносии миллӣ ва огоҳкунанда аз технологияҳои замонавӣ бошанд, ривоҷ диҳем. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки наврасони мо ба яке аз онҳо аҳамият медиҳанду дар омӯзиши дигараш мушкилӣ доранд, ки дар натиҷа худи шахси инноватор дар кӯтоҳтарин муддат дар байни омма ҳазм мегардад ва ба ягон натиҷаи дилхоҳ намерасад. Барои дарки бештари масъала метавон гуфт, ки литсейҳои соҳавӣ хонандаро ба омӯзиши як соҳа талқин мекунанд. Наврас дар давраи хонандаи мактаби миёна буданаш дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ ҷойҳои намоёнро сазовор мегардад, аммо баъди хатми мактаб ва донишгоҳ қариб, ки таъсири онҳоро дар навоварии ин соҳаҳо мушоҳида намекунем. (Мутаассифона, дар Тоҷикистон ягон оморе, ки баъд аз хатми донишгоҳ хатмкунандагони кадом мактаб ба кадом дастовард ноил гаштаанд вуҷуд надорад. Ба фикри ман ягон соҳа агар чунин оморро ба роҳ монад, аз манфиат холӣ нест).

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки на танҳо тафаккури таҳлилӣ –эҷодӣ ва мантиқӣ барои ба вуҷуд омадани инноватсияи манфиатнок нақш мебозанд, балки талаботи иҷтимоӣ низ бояд ба эътибор гирифта шаванд, яъне имконияти субъективии инноватор бо талаботи объективии ҷомеа, корхона ва давлат мувофиқат намоянд.

Офаридани идеали иҷтимоӣ ва рушди шаклҳои шуури ҷамъиятӣ аз бисёр омилҳо вобаста мебошанд. Аксарияти муҳаққиқони ватанӣ барои насли наврас қаҳрамонҳои гузаштаи моро, ба мисли қаҳрамонҳои «Шоҳнома», Спитамен, Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ ва дигаронро ҳамчун идеал тасвир менамоянд, ки ин аз як тараф хеле хуб аст ва бо таъриху фарҳанги гузаштаамон онҳоро шинос менамоянд. Аммо насли навро насли дорои тафаккури клипӣ, дар олами виртуалӣ сайркунанда ва ҷамъоварандаи сармоя ном мебаранд. Бинобар ин, моро зарур аст, ки барои насли наврас идеалҳои миллии замони муосири хешро пешниҳод намоем. Аниқтараш аз ҳаёти тоҷикони муваффақи дохилӣ ва хориҷӣ роман, достон ва очеркҳо ба вуҷуд орему доир ба онҳо филмҳо бардорем. Мутаассифона, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нависандагон ва филмбардорони мо бо сабабҳои мухталиф ва шояд диққат надодан ба илмҳои дақиқ ва ё техникӣ қаҳрамонҳои миллии донандагони илмҳои замонавӣ офарида наметавонанд. Дар замони истиқлол ягон филме офарида нашудааст, ки қаҳрамони асосии ӯ донандаи хуби ягон соҳаи фанҳои табиӣ, дақиқ ва техникӣ бошаду дар рафти филм ягон инноватсия ба вуҷуд оварад. Дар ин маврид, Иттифоқи нависандагон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»-ро зарур аст, ки барои ҷалби донандагони хуби соҳаҳои техникӣ, виртуалӣ ва дақиқ имтиёзҳо ҷудо намоянд. Агар дар наздиктарин фурсат мо ин мушкилотро ислоҳ накунем, насли навраси мо идеали худро аз дигар миллатҳо меофаранд, ки ба костагии худшиносии миллии онҳо оварда мерасонад.

Нигаронкунанда он аст, ки насли наврас мехоҳад ягон ҳамзабон ё ҳамватанашро ҳамчун шахси муваффақ бубинад, аммо бо сабаби мавҷуд набудани чунин чеҳраҳо дар олами виртуалӣ онро пайдо карда наметавонад. Агар мо тавонем, ки як соҳаи хешро дар сатҳи байналмилалӣ пештоз намоем, пас фарзандони тоҷикони бурунмарзӣ бо эҳтироми хосса ба он самт майл мекунанд ва мехоҳанд, ки дар рушди ватани аҷдодиашон саҳм гузоранд. Мисоли равшан, бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё шуда метавонад, зеро давоми як моҳ шаш нафар футболбоз- тоҷикони бурунмарзӣ бо хоҳиши худ соҳиби шиносномаи тоҷикӣ гаштанд, то ин ки дар дастаи мунтахаби ҳангомасози Тоҷикистон бозӣ намоянд.

Албатта, ҳама соҳаҳо барои пешрафти ҷомеаи миллиамон нақши худро доранд, аммо пешрафти шаклҳои шуури ҷамъиятӣ дар ҳувайдо намудани нобиғаҳои инноваторӣ нақши калидӣ мебозанд. Бинобар ин, таҳлили шаклҳои шуури ҷамъиятӣ ва рушди онҳо ва махсусан шуури илмӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар зиёии тоҷик ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, моро мебояд, ки нигоҳи хешро нисбат ба инноватсия тағйир диҳем ва ҳар фарди ҷомеаи мо аз як гиребон сар бароварда, зери сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, махсусан Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар зидди ҳама гуна мушкилиҳо мубориза барем.

Ҳамин тариқ, таҳқиқи ин масъала моро водор месозад, ки бештар ба ин самтҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳем:

  1. Дар ҳама зинаҳои таҳсил дар радифи дигар фанҳо таваҷҷуҳи бештар ба фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дода шавад ва дар мадди аввал қобилияти эҷодиву навоварии хонандагон гузошта шавад.
  2. Аз нигоҳи қобилият ва тафаккур ба роҳ мондани таълими тафриқавӣ дар мактабҳои миёна.
  3. Ҳавасманд ва дастгирии ҳамаҷонибаи навоварон (новобаста аз синну сол) ва тарғиби ҳамаҷонибаи онҳо дар воситаҳои ахбори омма ва фазои виртуалӣ.
  4. Барои олимону навоварони дорои тафаккури эҷодӣ майдони мусоид фароҳам овардан (ҳеҷ набошад аз ҳисоби грантҳои давлатӣ зиёд намудани бурсияҳо барои гузаронидани таҳқиқот дар самти илмҳои табиӣ, дақиқ ва техникӣ).
  5. Дар Тоҷикистон ба вуҷуд овардани бозори илм ва ё маркази мубодилаи илм бо истеҳсолот.

Бознашр аз АМИТ “Ховар”