Баргузории ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе

30 декабр дар Душанбе ҷаласаи ҷамъбастии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» додааст, дар ҷаласа масъалаи тарҳрезии нақшаи кори шуро барои соли 2025 баррасӣ гардид.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Шурои ҷамъиятӣ шакли ҳамкории сиёсию иҷтимоӣ байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Дар нақшаи кори Шурои ҷамъиятӣ барои соли 2025 масъалаҳое ба нақша гирифта шуданд, ки ҳама паҳлуҳои муҳими ҳаёти иҷтимоии ҷумҳуриро таҷҷасум менамоянд. Дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ин масъалаҳои муҳим ба хотири рушди соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маориф  ба таври муколама мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифта, барои беҳбудии кор тавсияҳои судманд пешниҳод шуданд.