Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 4 декабр матлабе бо номи “Бубин, тафовути роҳ аз куҷост то ба куҷо?! Аз боби 30 соли талошҳои хастагинопазири Пешвои миллат” чоп кардааст.
Хушқадам Исматуллоев, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хоруғ, дар суҳбат бо хабарнигори минтақавии “Ҷумҳурият” гуфт: “30 соли заҳмати шабонарӯзии Ҷаноби Олӣ, 30 соли муборизаҳо, 30 соли талошҳои хастагинопазир барои ваҳдати комил, 30 соли созандагиву ободонӣ, 30 соли қадамҳои устувор ба сӯйи пешравиҳои бесобиқа. Мо он рӯзҳо нони хӯрданӣ намеёфтем, имрӯз гап дар бораи вусъати бунёди корхонаҳои саноатӣ ва технологияҳои пешрафта меравад.”
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора ҳамчунин мақолае таҳти унвони “Пиллапарварӣ. Ба соҳа хатари нестӣ таҳдид мекунад. чӣ бояд кард?” чоп кардааст. Муаллиф менависад, замоне Тоҷикистон 80 дарсади пиллаи Иттиҳоди Шӯравиро истеҳсол мекард ва он давра аз нахи абрешим зиёда аз 330 номгӯйи маҳсулот истеҳсол мешуд.
Ба андешаи муаллиф, сабаби асосии камтаваҷҷуҳӣ ба соҳа дар Тоҷикистон паст будани нархи пилла мебошад. Солҳои 2023 ва 2024 биржаи ҷаҳонӣ 50-60 доллар барои як килло нахи пилла муқаррар карда буд, аммо дар Тоҷикистон нархи 1 кг нахи пилла ба 10-15 сомонӣ баробар аст.
Муаллиф таъкид мекунад, ки барои ҳавасмандии кишоварзон 1 кг пилла агар 5 – 15 доллари амрикоӣ нарх гузошта шавад, тутзорҳои нав пайдо мешаванду ҳам як самти кишоварзию саноатӣ рушд меёбад.
Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, солҳои охир дар бисёр ноҳияҳои кишвар ягон дарахти тут шинонда нашудааст. Ҳол он ки, барои шинондани дарахти тут дар ҷануби Тоҷикистон шароити хуби кишоварзӣ мавҷуд мебошад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 2 декабр хабар дод, ки ахиран бахшида ба 100 — солагии адабиётшиноси маъруфи тоҷик, Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, устоди забардаст Соҳиб Табаров дар ноҳияи Муъминобод конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гашт.
Зикр шуд, ки Соҳиб Табаров умри бобаракати хешро сарфи пажӯҳиш ва таълиму тадриси адабиёти муосири тоҷик намуда, ба ӯ муяссар гардид, ки мактаби илмию омӯзгории худро тавассути заҳмати содиқона ба халқу Ватани азизаш ба вуҷуд орад. Ин мактаб имрӯз бо номи пурифтихори «Мактаби илмии мунаққидии Соҳиб Табаров» на танҳо дар кишвар, балки бурун аз он машҳур аст.
Дар конференсия таъкид шуд, ки Соҳиб Табаров масъалаҳои мураккабу мубрами таърихи адабиёти тоҷикро дар асри ХХ таҳлилу тадқиқ карда, дар ин замина корҳои мондагори илмӣ анҷом додааст. Рисолаҳои ӯ «Садриддин Айнӣ — асосгузори адабиёти советии тоҷик», «Пайрав Сулаймонӣ», «Адиби сухандон ва марди майдон», «Мунзим», «Мунозира»-и Абдурауфи Фитрат», «Тақдири фоҷиавии як шоири тоҷик» ва даҳҳои дигар на танҳо дар шинохти бузургони адабиёт, балки раванди бедории миллӣ мусоидат кардаанд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 4 декабр хабар дод, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон хати сарҳади давлатӣ байни ду кишварро пурра маълум кардаанд. Дар ин бора хабаргузории расмии «Ховар» бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ дода, навиштааст, ки ба гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии ҳар ду ҷониб дастур дода шудааст, ки корҳои ҳуҷҷатгузориро ба анҷом расонанд.
“Зимни мулоқот роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба мувофиқа расида, тавсифи қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро пурра ба анҷом расониданд”,- омадааст дар хабар.
Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Аз декабри соли 2002 музокираҳои марзӣ миёни ду кишвар идома дорад. Ҳал нашудани хати марз борҳо сабаби муноқиша, аз ҷумла муноқишаҳои низомӣ гардид, ки дар пай қурбониҳо низ дошт.
Нашрияи Тоҷикистон ин шумораи худ ҳамчунин мақолае бо номи “Конибодом. Театр чӣ ҳол дорад?” чоп карда, аз вазъи бинои театри Конибодом изҳори нигаронӣ кардааст.
Муаллиф ёдовар мешавад, ки театри Конибодом соли 1932 аз ҷониби Комил Ёрматов таъсис ёфта, дар рушду нумӯи санъати тоҷик саҳми босазо гузоштааст. Нахустин ҳунармандони ин театр Тӯҳфа Фозилова, Лутфӣ Зоҳидова, Комил Ёрматов фаъолияти хешро маҳз дар ҳамин боргоҳи ҳунар оғоз намуда, баъдан ба ситораҳои барҷаста табдил ёфтанд.
Ба хулосаи муаллиф айни замон дар театри Конибодом кори эҷодӣ дар ҷӯшу хурӯш аст. Вале ҳолати бинои театр касро ба риққат меорад. Бинои якошёнаи театр лойӣ буда, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Умед аст, ки масъулини шаҳри Конибодом даст ба кор мешаванд ва барои сохтмони бинои театр иқдом мекунанд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 5 декабр менависад, ки Тоҷикистон метавонад дар истихроҷи сурма пешсаф шавад. Дар ҳоли ҳозир кишвари мо баъди Чин дар истеҳсоли сурма дар ҷои дуюм ҳастем, аммо Пекин ахиран содироти сурмаро манъ кард.
Тибқи омори гумрукӣ, Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 4,3 ҳазор тонна хока ва маъдани сурма ба маблағи ҳудуди 14 миллион доллар ба хориҷ содир карда, пас аз Чин дар ҷои дуввум қарор гирифтааст.
Аммо рӯзи 15 сентябр Чин бо иддаои зарурати ҳифзи амнияти миллӣ ба содироти сурма ва маҳсулоти онро таҳти назорат гирифт. Ба думболи ин тасмими Пекин, нархи ин филиз, ки барои саноати дифоӣ муҳим аст, аз 12 ҳазор доллар то ба 20 ҳазор доллар барои як тонна боло рафт.
Муаллиф мекунад, сурма, ки дар саноати дифоӣ ва тавлиди батарея истифода мешавад, захираи аз ҷиҳати стратегӣ муҳим маҳсуб мешавад. Коршиносон бар ин назаранд, ки тамоюлҳои ҷаҳонии имрӯза, аз ҷумла маҳдудияти содирот аз Чин, барои Тоҷикистон ба унвони як таъминкунандаи аслии сурма дар бозори ҷаҳонӣ имконоти навро боз мекунад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”