Дар рӯзи якуми мусобиқаи Tokyo Grand Slam 2024 дар Ҷопон кишвари моро 2 ҷудокор Обид Ҷебов зери вазни то 66 кг ва Абубакр Шеров зери вазни то 73 кг муаррифӣ карданд. Ҷебов ба гирифтани нишони биринҷӣ ноил шуд.
Тавре ТВ “Варзиш” хабар медиҳад, паҳлавони ҷавону умедбахши мо Обид Ҷебов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм Маттиа Миселии итолиёвиро шикаст дод. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Ҷебов бо Роналд Лимаи бразилӣ гӯштин гирифт ва бо имтиёзи иппон пирӯзӣ ба даст овард.
Дар даври нимниҳоӣ Ҷебов аз Таикоҳ Фуҷисакаи ҷопонӣ мағлуб шуд ва барои нишони биринҷӣ бо Оно Ҳинатаи ҷопонӣ нерӯ санҷид.
Дар мубориза барои нишони биринҷӣ Ҷебов бар намояндаи Ҷопон – Ҳината Онои 20 сола зафар ёфт. Ин аввалин медали Тоҷикистон дар мусобиқаи Tokyo Grand Slam 2024 аст. Барои Ҷебов ин сеюмин нишони биринҷӣ дар мусобиқаҳои Гранд Слам мебошад.
Ёдовар мешавем, ки паҳлавони дигари мо Абубакр Шеров зери вазни то 73 кг дар даври нимниҳоӣ аз Татсуки Ишиҳараи ҷопонӣ шикаст хӯрд ва барои нишони биринҷӣ бо Данил Лаврентев (IJF) қувваозмоӣ мекунад.