4 декабр Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин вазорат хабар доданд.
Дар вохӯрӣ масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 14 феврали соли 1992 барқарор шудаанд. Моҳи марти ҳамон сол Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон кушода шуд. Соли 2006 бинои нави Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе бунёд гардид.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вашингтон аз соли 2002 фаъолият менамояд.