Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 25 ноябр мақолае бо номи “Иқдоме, ки саранҷоми он як рӯзи муборак гашт” чоп карда, менависад, ки дар таърихи давлатдорию давлатсозии ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқуъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи рушди минбаъдаи онҳоро муайян месозанд.
Ба навиштаи муаллиф, вақт нишон дод, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии худро дар назди Ватану миллат ба ҷой оварда, фаъолият ва корнамоиҳои ин абармарди мушкилнописанд мактаби бузургу нотакрор аст, ки дар ин андеша ҳеҷ гумону шубҳа нест.
Муаллиф, таъкид мекунад, имрӯз бо камоли ифтихор мегӯем, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи сазовори худро пайдо кардааст.
Ба хулосаи муаллиф ин аст, ки қариб 200 давлати дунё ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил мешиносанд, эътироф ва пазироӣ мекунанд. Ин ҳама тантанаи орзуву ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик аст, ки таҳти шиори “Тоҷикистон, ба пеш!” ҷомаи амал пӯшид, – таъкид мекунад муаллифи мақола.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора ҳамчунин мусоҳиба бо Юсуф Акрамзода, раҳбари Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикагролизинг”-ро пешкашӣ хонанандагон кардааст.
Ба гуфтаи Юсуф Акрамзода, бо ҳадафи дастгирии деҳқонон ва рушди соҳа, то имрӯз дар 61 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон марказҳои хизматрасонии техникӣ ташкил шудааст, ки дорои 154 техника ва 3085 таҷҳизоти ёрирасони кишоварзӣ буда, аз шудгор то ҷамъоварии ҳосил ба деҳқонон ёрии техникӣ мерасонад.
Дар баробари ин ба гуфта номбурда, корхонаи мазкур танҳо дар даҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои хоҷагидорӣ ва буҷет 146 техника ва 356 таҷҳизоти гуногунтамға ба кишвар ворид карда, дар ҳамин давра ба 224 хоҷагии деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шартномаи иҷораи молиявӣ баста, дар асоси дархост, ба онҳо 127 трактори гуногунтамға ва 358 мошинолоти кишоварзӣ ҷудо намуд.
Ҳамзамон Юсуф Акрамзода таъкид мекунад, ки масъалаи муҳими ҳалталаби соҳа норасоии мутахассисон, аз ҷумла механизаторон, комбайнчиҳои касбӣ ва устоҳо барои таъмири техника ва таҷҳизотҳо мебошад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 28 ноябр хабар дод, ки дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парлумонӣ дар мавриди рафти иҷрои “Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030” баргузор шуд. Нашрия менависад, ки зимни таҳлил ва ҳисоботи масъулин муайян гашт, ки ҳарчанд аз қабули барнома чор сол сипарӣ шуда бошад ҳам, иҷрои баъзе бандҳои он қаноатбахш нест.
Бино ба маълумоти Файзалӣ Аҳмадзода муовини раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон «аз ҷониби масъулин бо гузашти се соли муҳлати амалисозии барномаи мазкур барои таҳсил аз рӯйи низоми «доктор инженерия» ба муассисаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ мутахассис фиристода нашудааст. Вай афзуд, ки масъулин оид ба таҳия ва амалигардонии таҳсилоти муҳандисӣ аз рӯйи барномаи доктори илмҳои техникӣ низ чораҳои зарурӣ наандешидаанд.
Аҳмадзода зикр кард, ки сатҳи қабул ва хатм ба магистратура, аспирантура, докторантураи фалсафа аз рӯйи ихтисос, докторантура ва посдокторантура дар давоми солҳои 2021-2023 дар сатҳи паст қарор дошта, дар ин давра ҳамагӣ аз 0,54 то 35 дарсад таъмин шудааст.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 27 ноябр мақолае таҳти унвони “Тоҷикистон рақамӣ мешавад”, аз нахустин ҳамоиши байналмилалии «Digital Tajikistan» дар Душанбе натиҷагирӣ кардааст.
Сироҷиддин Икромӣ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар форум гуфт, ки ҷорӣ намудани технология ва маҳсулоти нави рақамӣ ба бонкҳо имкон медиҳад, ки ба муштариён роҳҳои осону мусоид ва самараноки идоракунии маблағҳои худро пешниҳод намоянд.
Ба гуфтаи вай, низоми пардохтҳои ғайринақдӣ, ки аз соли 2023 инҷониб дар Тоҷикистон амалӣ мешавад, яке аз қадамҳои муҳим аст, зеро ҳамаи хизматрасониҳои муздноки давлатӣ танҳо тариқи ғайринақдӣ анҷом дода мешавад.
Аз сӯи дигар, Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки ҳоло дар назди мақомоти гумрук равзанаи ягона амал мекунад ва 12 мақомот ба он шомил буда, тавассути ин равзана амалиётҳои воридоту содирот ва транзитӣ ба расмият дароварда мешавад. Ба андешаи мутахассисони соҳа, ин форум барои суръат бахшидан ба рушди хизматрасониҳои давлатӣ, иқтисод ва рақамисозии Тоҷикистон такон хоҳад бахшид.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 28 ноябр бо раҳбарияти ширкати миллии ҳавопаймои “Тоҷикэйр” дар робита ба дурнамои фаъолияти ин ширкат мусоҳиба анҷом додааст.
Дар ин мусоҳиба зикр мешавад, ки ширкати ҳавопаймои “Тоҷикэйр” дар ҳоли ҳозир парвози дохилӣ дар масири Душанбе-Хоруғро роҳандозӣ карда, ният дорад, ки ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон низ парвозҳои фармоиширо анҷом диҳад.
Ҳамзамон дар ин мусоҳиба раҳбарияти “Тоҷикэйр” зикр мекунад, ки соли 2023 ду ҳавопаймои Аэробусро аз як ширкати хориҷӣ ба иҷораи молиявӣ гирифта, қарор буд ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон интиқол шавад. Аммо бо сабабҳои номаълум раҳбарияти собиқи Агентии авиатсияи гражданӣ барои ворид шудани ин ҳавопаймоҳҳо ба Тоҷикистон иҷозат надод.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои раҳбарияти ширкати “Тоҷикэйр”, айни замон дар самти парвоз ба шаҳрҳои Русия 88 дарсади бозори мусофиркашонӣ дар ихтиёри ширкатҳои ҳавопаймоҳҳои русӣ аст.
Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 28 ноябр бо такя ба Кумитаи андоз хабар медиҳад, ки ба ҳолати 1 ноябри соли ҷорӣ бақияи қарзи андоз аз ҳисоби афроде, ки ба сарояндагӣ, навозандагӣ, раққосӣ ва барандагӣ дар ҷашну маъракаҳо машғуланд, дар маҷмӯъ 780,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, шумораи афроде, ки дар асоси шаҳодатнома ба фаъолияти сарояндагӣ, навозандагӣ, раққосӣ ва барандагӣ дар ҷашну маъракаҳо машғуланд, 1480 нафарро аст, ки маблағҳои ҳисобшудаи андози ҳунармандон дар ин муддат 4 млн 124 ҳазор сомонӣ буда, ба буҷет ҳамагӣ 3 млн 742 ҳазор сомонӣ пардохт шудааст.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”