Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

29 ноябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст дар бораи Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 гузориши вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки вазифаҳои асосии барномаи мазкур, ки дар асоси талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардидааст, муҳайёсозии заминаи асосии рушди  устувори  механиконии соҳаи кишоварзӣ ва дар маҷмуъ рушди ин соҳаи кишвар мебошад.

Дар барнома роҳҳои механиконии чорабиниҳои агротехникии парвариши растаниҳо ва чорводории муосири кишоварзӣ,  аз ҷумла тавассути инноватсия, истифодаи техника ва мошинолоти муштараки кишоварзӣ, ки метавонад як қатор амалиётҳои технологиро дар як вақт иҷро карда, мушкилиҳои  соҳаро ҳаллу фасл  намояд, нишон дода шудааст.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои иҷрои саривақтӣ ва пурсамари барнома ва ба ин восита афзун намудани маҳсули соҳаи кишоварзӣ ва ҳиссаи он дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Сипас  лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираи моддии давлатӣ» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз байн бурдани  баҳсҳо миёни андозсупорандагон ва мақомоти андоз, духурагиҳо ва боз ҳам беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ пешниҳод мешавад, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеояд.

Сипас Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 баррасӣ ва қабул карда шуд.

Дар фароварди маҷлис Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба суръат бахшидан ба кишти тирамоҳӣ, ҷамъбасти босифати натиҷаҳои сол, омода намудани заминаҳои мусоид барои Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва тадбирандешӣ барои истиқболи сазовор аз Наврӯзи ҷаҳонии оянда ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру тавсияҳо доданд.