Тими миллии футболи Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) як зина боло рафт.
Дирӯз — 28-уми ноябр, ФИФА дар сомонаи расмии худ раддабандии навро нашр кард, ки дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо 1203,08 имтиёз дар мақоми 104-ум қарор гирифт. Дар раддабандии қаблӣ Тоҷикистон дар мавқеи 105-ум буд.
Дар ин феҳрист мунтахаби Аргентина, қаҳрамони феълии ҷаҳон бо 1867,25 имтиёз дар ҷои аввал қарор гирифта, мунтахабҳои Фаронса бо 1859,78 имтиёз ҷои дуюм ва Испания бо 1853,27 имтиёз ҷои сеюмро ишғол карданд.
Ҳамчунин тимҳои миллии Англия, Бразилия, Португалия, Нидерландия, Белгия, Италия ва Олмон низ дар 10-гона қарор гирифтанд.
Бояд гуфт, ки мунтахаби Тоҷикистон дар миёни дастаҳои мунтахабе, ки аъзои Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ҳастанд, мавқеи 17-умро ишғол намуд. Тими миллии футболи Ҷопон дар Осиё мавқеи аввалро касб карда, Эрон ва Кореяи Ҷанубӣ дар мавқеъҳои дуюму сеюм ҷой гирифтанд.
Зоирзода Рустам
радио «Тоҷикистон»