СММ: То нимаи аср 10% заминҳои кишоварзӣ дар ҷаҳон корношоям хоҳанд шуд

Тибқи маълумоти коршиносони Созмони озуқа ва кишоварзии СММ, то соли 2050 то 10% заминҳои кишоварзӣ дар ҷаҳон бинобар тағирёбии иқлим корношоям хоҳанд шуд. Бино ба маълумоти ширкати олмонии Statista соли ҷорӣ кишварҳои африқоӣ аз ҷумла Сомалӣ, Намибия ва Зимбабве дар зинаи аввали кишварҳои аз хушксолӣ осебдида қарор гирифтанд.

Соли 2023 дар як қатор кишварҳои ҷаҳон махсусан Аргентина, Бразилия ва ИМА бинобар сабаби хушксолӣ ва норасоии оби полезӣ садҳо гектар заминҳои кишоварзӣ талаф ёфта, ҳосилнокии маҳсулот коҳиш ёфт.

Ба андешаи олимону коршинсон, имрӯз беш аз 40 дарсади аҳолии ҷаҳон дар зери хатари офатҳои табиӣ қарор доранд. Тибқи маълумоти СММ, танҳо дар соли 2023 беш аз 733 миллион нафар маҳз ба далели тағйирёбии иқлим ба гуруснагӣ мувоҷеҳ гардиданд.