Имрӯз дар МД “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” бо ташаббуси шӯъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотии муассисаи мазкур бахшида ба 100-солагии адабиётшинос Соҳиб Табаров мизи мудаввар таҳти унвони “Нигоҳи Соҳиб Табаров ба санъати мусиқӣ” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар намояндагони Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Иттифоқи нависандагон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Консерваторияи миллӣ, Филармонияи давлатӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, намояндагони иттиҳодияи санъат ва мусиқии Тоҷикистон иштирок карданд.
Тавре директори Китобхони миллии Тоҷикистон, Ҷумъахон Файзализода иброз дошт, ки таҷлили 100-солагии Соҳиб Табаров бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Мавзуи рӯнамоии мизи муддавар китоби тозанашри “Мусиқӣ сарвати бебаҳои маънавист” гардид, ки дар он маҷмӯаи мақолаҳо ва ёддошту хотироти Соҳиб Табаров ҷамъоварӣ гардиданд. Ин китоб бо ташаббуси “Китобхонаи миллӣ” таҳия ва чоп шудааст.
Дар чорабинӣ доктори илмҳои филологӣ, профессор Аламхон Кучарзода, шоир ва адабиётшинос Салими Хатлонӣ ва дигар иштирокдорон диор ба китоби тозанашр ва рӯзгору эҷодиёти Соҳиб Табаров ба ҳозирин маърӯза пешниҳод карданд.
Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ таъкид гардид, ки Шурои илмию методии “Китобхонаи миллӣ” соли 1999 бо қарори махсус Соҳиб Табаровро бо унвони “Аввалин хонандаи ифтихории Китобхонаи миллӣ” қадрдонӣ намудааст.
Рустам Зоирзода,
радиои “Тоҷикистон”