Беш аз 600 нафар вакилон из 40 кишвар ҷиҳати ширкат дар Конфронси 3-ми байналмилалӣ ва Намоишгоҳи «Долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва транзитӣ: робита ва рушд – 2024» (ITTC-2024) дар Ашқобод ҷамъ омаданд. Конфронси 3-ми байналмилалӣ ва Намоишгоҳи «Долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва транзитӣ: робита ва рушд – 2024» (ITTC-2024) 26 ноябри соли 2024 оғоз шуда, имрӯз ҳам идома меёбад.
Тавре Вазорати нақлиёт хабар медиҳад, дар ин конфронс ҳайти Тоҷикистон низ ширкат доранд.
Дар байни мавзӯъҳои асосии конфронс нақши афзояндаи занон дар соҳаи нақлиёт, ҷорӣ намудани таҷоруби устувор дар инфрасохтори нақлиётӣ, таъсири рақамикунонӣ ба логистика, инчунин таълим ва тайёр кардани кадрҳо барои бахши нақлиёт ном бурда мешавад. Ба стратегияҳои дастгирии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, ҷиҳати густариши дастрасии онҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ диққати махсус дода мешавад.
Конфронси ITTC-2024 яке аз рӯйдодҳои асосии Рӯзи ҷаҳонии нақлиёти устувор мебошад, ки 26 ноябр ҷашн гирифта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 19 декабри соли 2023 дар ҷаласаи умумии 49-уми сессияи 78-уми Маҷмаи Умумии СММ тариқи иҷмоъ (консенсус) қатънома оид ба нақлиёт қабул ва бо шаш забони расмии СММ (англисӣ, арабӣ, испанӣ, чинӣ, русӣ ва фаронсавӣ) нашр шуд. Номи пурраи санад чунин аст: «Таҳкими робитаҳо байни ҳама намудҳои нақлиёт барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор». Лоиҳаи қатънома аз ҷониби 47 кишвари дунё бо ҳаммуаллифӣ пеҳшниҳод гардида буд.
Ҳуҷҷати ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт 26 ноябрро Рӯзи ҷаҳонии нақлиёти устувор ва Солҳои 2026 – 2035 -ро Даҳсолаи нақлиёти устувор эълон кард. Муаллифони қатънома ба Дабири кулли СММ пешниҳод мекунанд, ки таҷрибаи муколамаи байналмилалиро дар ин соҳа идома диҳад ва масъалаи даъват кардани Конфронси сеюми ҷаҳонии СММ оид ба нақлиёти устуворро баррасӣ намояд.
Тибқи ин санад, тадбирҳои асосӣ дар доираи Рӯзи ҷаҳонии нақлиёти устувор моҳи ноябри соли 2024 дар Туркманистон баргузор шуда истодааст.