Дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Комисияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ки дар шаҳри Ар-Риёз санаҳои 25-27 ноябри соли равон баргузор гардид, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист, об ва кишоварзии Подшоҳии Арабистони ба имзо расонида шудааст.
Ба иттилои Вазорати кишоварзь, дар маросими ба имзорасонии Ёддошти тафоҳум Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон ва Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Абдулраҳман Алфадлей иштирок намуданд.
Мақсад аз баимзорасонии Ёддошти мазкур амалисозии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ дар заминаи эътимод, баробарӣ, нафъи мутақобила ва мусоидат ба рушди равобит миёни субъектҳои иқтисодии ду кишвар мебошад.
Санади мазкур ҳамкориҳои ҷонибҳоро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ ва парандапарварӣ, гузаронидани корҳои илмию тадқиқотии муштарак, муҳофизати растаниҳо аз касалию ҳашаротҳои зараррасон, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, парвариш ва мубодилаи тухмиҳои афзалиятноки зироатҳои кишоварзӣ, омӯзиши проблемаҳои соҳаи кишоварзӣ ва ҳалли онҳо ба танзим меоварад.