Имзои Ёддошти тафоҳум миёни Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии энергияи атомӣ

18 ноябр дар ҳошияи Конфронси 29-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим байни Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Ёддошти тафоҳум «Дар бораи ҳамгироии обшиносии (гидрологияи) изотопӣ барои мониторинг ва идоракунии самараноки захираҳои обӣ дар минтақаҳои яхбандӣ» ба имзо расидааст.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар доираи ин санад омӯзиш ва эҷоди иқтидор барои ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти изотопӣ ва паҳнкунии он ва дигар масъалаҳо мавриди омӯзиш қарор мегиранд.

Ба иттилои манбаъ, бо мақсади мусоидат ба қабули қарорҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок оид ба идоракунии захираҳои обӣ таҳияи системаҳои огоҳкунии барвақтӣ дар асоси маълумоти изотопӣ амалӣ мешавад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ) барои ҳамкории минбаъда дар самтҳои яхшиносӣ ва обшиносӣ (гидрология) бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд.