СММ: 75 фоизи партовҳои газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон ба 20 кишвари ҷаҳон рост меояд

Тибқи пажӯҳиши Созмони Милали Муттаҳид, 75 дарсади партовҳои газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон танҳо ба 20 кишвари ҷаҳон рост меояд. Дар ин раванд Ҷумҳурии Мардумии Чин, ИМА, Ҳиндустон ва як қатор кишварҳои Аврупо шомиланд.

Тавре агентии иттилоотии ТАСС хабар медиҳад, қариб сеяки тамоми партовҳои атмосфераи сайёра ба Ҷумҳурии мардумии Чин рост меояд, ки ин дар умум 12,5 миллиард тонна дар як солро ташкил медиҳад. ҶМ Чин талош дорад, ки ин нишондиҳандаҳоро тавассути ҷорӣ кардани манбаъҳои барқароршавандаи энергия коҳиш диҳанд.

Тибқи гузориши агентии иттилоотии Синхуа соли 2022, Чин бо бунёд ва истифодаи неругоҳҳои барқи офтобӣ ва турбинаҳои бодӣ тавонист, ки партовҳои гази карбонро 2,26 миллиард тонна коҳиш диҳад.