Олимони Амрико дар натиҷаи як тадқиқот дар соҳили ҷазираҳои Соломон, марҷонеро кашф намуданд, ки он бузургтарин марҷон дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Марҷон дар умқи 12 метр воқеъ буда, 34 метр паҳноӣ ва 5,5 метр баландӣ дорад. Ба андешаи олимон марҷон таърихи 300 – сола дорад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан, бузургтарин марҷон дар мамнӯъгоҳи миллии баҳрии Самоаи Амрико кашф шуда буд, ба шумор мерафт, ки паҳноии он 22 метр ва дарозияш 40 метрро ташкил медод.