Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодар ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба самъи сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки рӯзҳои 13-14-уми ноябри соли ҷорӣ дар водиҳо боронҳои пуршиддат борида, 14 ноябр шабона дар манотиқи кӯҳӣ борон ба барфи тар мубаддал мешавад. Дар аксар нафоҳии тобеъи ҷумҳурӣ дар пасманзазаи коҳиши башиддати дамои ҳаво борон авҷ мегирад ва дар баъзе навоҳӣ бод ҳам бо шиддати бештар хоҳад вазид.
Дар ин рӯзҳо дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ хатари омадани сел, резиши сангу лағзиши замин (ярч) зиёд мешавад. Бар асари боришоти шадид болоравии сатҳи об дар дарёҳои кӯҳӣ пешбинӣ шудааст.
Дар робита ба ин Кумита аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифода аз таҷҳизоти барқии гармкунии хонаҳо қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя намуда, аз дстгоҳҳои барқии худсохт истифода набаранд. Дар вакти истифода бурдани бухориҳо эҳтиёт кунед!
Кумита аз волидон бо эҳтиром хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо ба фарзандони ноболиғи худ бештар таваҷҷуҳ кунанд, онҳоро ҳаргиз танҳо нагузоранд.
КҲФ бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиётии худро ба сафар омода созанд, то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок, ҷамъоварии ҳезум худдорӣ намоянд, ҳангоми иҷрои корҳои кишоварзӣ дар доманакӯҳҳо ва навоҳии кӯҳистонӣ, аз чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ худдорй кунанд.
КҲФ ба хотири ҳифзи хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз оқибатҳои сел аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки тамоми ҷӯву заҳбуру каналҳои назди хонаҳои худро аз қабл тоза ва ба убури бемонеаи оби зиёд омода кунанд.
Дар ҳали пеш омадани ҳодисаҳои нохуш бо телфонҳо 112; (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 занг заннад.
Вуруд ва насби замимаи мобилии КҲФ «SOS» ба манфиат аст ва мушкили шуморо осон мекунад!