Фестивали байналмилалии рақс таҳти унвони “РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД” дар шаҳри Душанбе идома дорад

Дирӯз, 12-уми ноябр соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид мекунад» оғоз гардида, имрӯз ҳам идома мекунад.

Дар рӯзи аввали фестивал ансамлбҳои рақсии 5 давлати ҷаҳон: Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Русия ва Молдова ҳунарнамоӣ намуданд.

Аз ҷониби Тоҷикистон дар фестивал дастаҳои рақсии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳунари рақсии худро муаррифӣ мекунанд.

Ҳамчунин дар доираи фестивал бо иштироки ҳунармандони давлатҳои иштирокчӣ дарси маҳорат низ баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» тибқи нақшаи барномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкиму густариши робитаҳои судманди фарҳангӣ бо давлатҳои хориҷӣ, табодули таҷриба ва дар ин замина муаррифии бештари санъату ҳунари миллӣ баргузор мешавад.

Қобили қайд аст, ки имрӯз, 13-уми ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими пӯшидавии фестивал доир гардида, барои иштироки фаъолона ба ансамблҳои рақсӣ Диплом ва Сипоснома тақдим карда мешавад.