Рухшона Насриддинзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо мулоқот намуд

Дар шаҳри Душанбе, вохӯрии намояндагони Иттиҳоди Аврупо бо Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Насриддинзода баргузор гардидааст.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба радиои “Тоҷикистон” хабар доданд, дар ин вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва рушди рақамисозии иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Ҳайати Иттиҳоди Аврупоро дар ин мулоқот Петерис Устубс -директор, Кароблис Раймундас – Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон,, Изабел Уриз — Мудири шуъба оид ба ҳамкорӣ, Титийен Амати — Мутахассиси масоили сиёсӣ, Мигел Роча — Мутахассиси масоили сиёсӣ намояндагӣ карданд.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисод ва нақши муҳимми рақамисозӣ дар рушди минбаъдаи иқтисоди Тоҷикистон табодули афкор карданд. Рухшона Насриддинзода ба дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои муҳими иқтисодӣ ва рушди инфрасохтори рақамӣ изҳори сипос намуда, нақшаҳои стратегии Тоҷикистонро дар ин самт муаррифӣ намуд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории судманд ва тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ таъкид карданд. Ин вохӯрӣ қадами муҳим дар роҳандозии ҳамкории бештар дар самти рушди рақамисозии иқтисодиёти Тоҷикистон ва таҳкими робитаҳои иқтисодии дуҷониба маҳсуб меёбад.