Радиои “Фарҳанг” зодаи даврони истиқлол аст. 5-ноябри соли 2008 аз ҳисоби кормандони радиои Тоҷикистон ва гуфторҳои хазинавӣ созмон дода шуд.
Бо вуҷуди ин дар дили сомеъон тухми муҳаббати хешро коридааст. Мардуми мо аксар мардуми фарҳангиянду ба гуфторҳои адабӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ таваҷҷӯҳи бештаре доранд. Ин дилбастагӣ мо масъулин, кормандони эҷодию техникии радиои “Фарҳанг”-ро водор месозад, ки масъулияти бар зиммаи доштаи хешро дучанд иҷро намуда, дар таъмини иттилоотӣ саривақтӣ, фароғату маънавиёти ҷомеа саҳми хешро гузоранд.
Мо ба он боварем, ки радиои “Фарҳанг” бо мурури замон аз лиҳози техникӣ (фиристандаҳои мавҷӣ), иқтидори молию кадрӣ муҷаҳҳазтар гардида, мавқеъи худро ҳамчун расонаи муҳиму мубрами рӯз дар самои ВАО мустаҳкамтар мегардонад.
16-Соли азму, талош, афкору пайкор, муваффақияту пешравиҳо, эъҷоду эъҷозҳоят мубораку фархунда бод.