КОНСТИТУТСИЯ – ТАҶАССУМГАРИ ХИРАДСОЛОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

(Тавсифи 30 нақши Конститутсия дар давоми 30 соли мавҷудият)

Аз умқи таърих то ба ҳол, тоҷикон тамаддуни ҷаҳониеро офариданд, ки сарчашмаи бунёдии дастовардҳои замони имрӯзаи ҷомеаи башарӣ гардидааст. Ин миллати хирадсолор масири таърихро бо кашфиётҳои арзишманди илмӣ, дастовардҳои бузургӣ маънавӣ ва парвариши шахсиятҳои абармарди ҷаҳонӣ тай намудааст. Анъанаҳои давлатдорӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, фарҳангсолорӣ ва дигар хислатҳои неки гузаштангон имрӯз дар ботину зоҳири шахсиятҳои бо нангу номуси кишвар ҳувайдо аст. Ҷомеаи мамлакат, аз хурд то калон инро эҳсос ва дарк менамояд.

Бо заҳмату талошҳои хастанопазири чунин шахсиятҳои абармард, тоҷикон бо гузашти ҳазорсол, яъне дар охири саддаи гузашта, ба дастовардҳои арзишманди таърихию тақдирсоз – Истиқлолияти давлатӣ, Иҷлосияи 16-уми Шурои олӣ, қабули Конститутсия, Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва дигар комёбиҳо шарафёб шуданд, ки ин падидаҳои нодир ба сифати сароғози давлатдории миллӣ ва суботу оромӣ дар мамлакат эътироф мегарданд. Барои расидан ба ин ҳама комёбиҳои азими давлатдорӣ миллати тоҷик таҳти роҳбарии хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат, ки номаш дар сафҳаҳои таърихи башар бо хатти зарин чун Пешвои миллати тоҷик сабт шудааст, ноил гардид.

Дар умум, иброз намудан мумкин аст, ки “Истиқлолият – соҳибихтиёрӣ, Иҷлосияи 16-ум – Сарвари наҷотбахши миллат, Конститутсия – ба расмият шинохти Тоҷикистон ва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ – суботу оромӣ”-ро ба миён овард.

Яке аз воқеаҳои муҳимми давлатдории навин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Қабули Конститутсия боиси гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон расман давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардад ва заминаи ҳуқуқии бунёди ҷомеаи навини тоҷикон гузошта шавад. Конститутсия шиносномаи давлат, нишони мавҷудият ва фаъолияти расмии ҳокимият дар давлатҳои демократию ҳуқуқбунёд эътироф мегардад. Бинобар ин муҳиммияти хоси худ, дар шароити басо душвор ва мураккаб барои мамлакат ва мардуми ин сарзамин, Пешвои миллат талоши онро намуданд, ки Конститутсияи тозабаистиқлолрасидаи Тоҷикистон қабул гардад. Зеро он сарчашмаи ягонаи назму тартиб, қонунияту адолат ва танзимгари муносибатҳои муҳимми ҷамъиятӣ эътироф мегардад.

Зарурат ва аҳаммияти қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бунёди давлатдории миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи 16-уми Шурои олӣ ва муроҷиатномаи худ ба халқи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 таъкид намуда, иброз доштанд, ки «Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав – давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим». Воқеан, дар чунин шароити мураккаби давлатдорӣ баррасӣ кардани масъалаи қабули Конститутсия аз он шаҳодат медиҳад, ки мавҷудияти ин санади олии ҳуқуқӣ барои давлатдории миллии ҳар як кишвар муқаддасу арзишманд эътироф мегардад.

Конститутсия – рамзи ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд

Яке аз падидаҳои муҳим дар раванди давлатдории имрӯза мавҷудияти Конститутсия маҳсуб ёфта, барои давлатҳои демократию ҳуқуқбунёди муосир яке аз мафҳумҳои арзишманд ба ҳисоб меравад.
Конститутсия – рамзи ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд, муайянкунандаи набзи ҳастии сиёсиву ҳуқуқии давлату миллат ва рушди давлатдории миллӣ аз зумраи ин дастовардҳои муқаддас маҳсуб мегардад.
Ҳанўз 30 сол қабл, таърихи 6 ноябри соли 1994 мардуми сарбаланду босаодат ва шарафманду соҳибхиради тоҷик бори аввал аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ барои муайян кардани сарнавишти худ ва шарафёб гардидан ба саодату бурдборӣ ба ҷонибдории Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол овоз доданд.
Қабули Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсозу сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории муосири мамлакат марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, боиси дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсию ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа гардид.

Аз ҳамин ҷиҳат, андеша кардан имконпазир аст, ки Конститутсияи замони соҳибистиқлолӣ аҳаммияти арзишмандро соҳиб аст, ки чунин тавсиф кардани он ба мақсад мувофиқ мебошад:

1) Конститутсияи замони соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи тағйирёбии куллии ҳаёти ҷамъиятӣ, яъне гузариш аз сохти ҷомеаи сотсиалистӣ ба ҷомеаи иқтисодӣ қабул гардида, низоми давлатдории кишварро демократӣ эълон намуд. Гузариш ба ҷомеаи нав ва мавҷудияти қонунҳое, ки ба талаботи ин ҷомеа ҷавобгу нестанд, имкониятро дар самти танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ мушкил месозад. Аз ҳамин лиҳоз, баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ зарурати таҳияи лоиҳаи нави Конститутсия ба миён омад ва бо ташаббуси Пешвои миллат комиссияи конститутсионӣ ташкил гардида, 6 ноябри соли 1994 аввалин Конститутсияи замони соҳибистиқлолӣ ва давраи гузариш ба давлатдории навин қабул гардид;

2) Дар Конститутсия меъёрҳое пешбинӣ гардид, ки дар он солҳои мураккаби давлатдорӣ барои миллат ва мардуми мамлакат қариб имконияти амалӣ гардидан надоштанд. Аз қабили мафҳуми давлатӣ ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодӣ, давлати иҷтимоӣ ва м.и. Зеро дар ин марҳилаи душвор, расидан ба ин ормонҳои миллӣ пешгўинашаванда маҳсуб меёфт. Хушбахтона, новобаста аз ин душвориҳои суъӣ, ки ба сари миллати тоҷик ва мардуми мамлакат сарозер гардида буд, зери роҳбарии Пешвои миллат таҳкурсии давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоӣ асос гузошта, дар ростои таърих давра ба давра, ба ин арзишҳои муқаддаси давлатдорӣ соҳиб гардиданд ва имрӯз дар сояи амну субот ва осоиштагӣ умр ба сар мебаранд;

3) Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама он комёбиҳо, дастовардҳо ва муваффақиятҳои миллати тоҷикро, ки дар тӯли таърих ба даст овардааст, дар худ инъикос намуда, барои ҳифз ва нигоҳдошти он муқаррароти меъёрӣ пешбинӣ намудааст. Аз ҷумла, дар моддаи 2 мавқеи забони тоҷикӣ, дар моддаи 43 ҳифзи Ватан, дар моддаи 44 ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва м.м.;

4) Маҳз дар меъёрҳои Конститутсия вазифаҳои давлат, мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон пешбинӣ гардидааст. Дар қисми 3, моддаи 5 муқаррар гардидааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ин меъёри конститутсионӣ ба он ишора мекунад, ки вазифаи аввалиндараҷаи давлат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ маҳсуб меёбад;

5) Конститутсия тартиби ташкилу фаъолияти сохторҳои муҳимми давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар худ ифода намудааст. Аз қабили тартиби таъсис ва фаъолияти Маҷлиси Олии ҶТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи ҳуқуқии мақомоти судӣ, тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти прокуратура ва м.и. Яъне ин ниҳодҳо, мақомоти калидии давлатдорӣ мебошанд, ки таъсис, фаъолият ва нақши онҳо дар пешбурди давлатдории навин барҷаста маҳсуб меёбад. Ҳамчунин, дар боби 2 Конститутсия, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар гардид, ки дар асоси он шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии қонунӣ таъсис дода, дар фаъолияти онҳо фаъолона иштирок намоянд;

6) Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии сиёсати хориҷии давлат ба шумор меравад. Албатта, ҳангоми ба амал баровардани сиёсати хориҷии мамлакат дар мадди аввал меъёрҳои Конститутсия гузошта мешаванд. Дар моддаи 11 Конститутсияи ҶТ пешбинӣ мегардад, ки Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ муайян мекунад. Ташвиқоти ҷанг манъ аст. Давлат бо ҳамватанони берунмарзӣ ҳамкорӣ мекунад. Ҳамчунин, ҳангоми тасдиқ намудани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба таври бояду шояд мутобиқатии онҳо ба Конститутсияи мамлакат баинобат гирифта мешавад. Зеро Конститутсия ифодаи иродаи миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон аст ва ягон санади дигари меъёрии ҳуқуқӣ ба он мухолиф буда наметавонад. Маҳз, меъёрҳои Конститутсия кафолат медиҳанд, ки ниҳодҳои давлатӣ фаъолияти худро берун аз ҳудуди кишвар амалӣ созанд. Масалан, дар моддаи 69 Конститутсия, ки ба салоҳиятҳои Президент бахшида шудааст, муқаррар шудааст, ки Президент самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад, дар моддаи 55 Конститутсия бошад, муқаррарот оид ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст;

7) Дар асоси моддаи 8 Конститутсияи ҶТ дар Тоҷикистон мафкураи ягон ҳизб ва ё гурӯҳҳои муайян ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф намегардад. Ба андешаи мо, ин тартиб қобили қабул аст, зеро маҳз ба ин васила, ба бунёди ҷомеаи дунявӣ дастёб гардидан имконпазир аст. Агар ба таърихи таҳия ва қабули Конститутсия назар намоем, он дар шароити бисёр душвори миллӣ қабул гардидааст ва интихоби роҳи дунявият дар он замон кори басо мураккаб буд. Аммо ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда, бо ҷасорату ғайрати Пешвои миллат, дурнамои давлатдории мо ҳамчун давлати дунявӣ мураррифӣ гардид. Яъне ҷомеае, ки ҳар кас метавонад динеро пайравӣ кунад ва ё баръакс. Дар интихоби дин, ақида, андеша ҳар кас озод аст ва ин озодиро Конститутсия кафолат додааст;

Конститутсияи ҶТ асоси низоми ҳуқуқӣ ва тартиботи ҳуқуқии нав гардид. Конститутсия танзимгари бевоситаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва сарчашмаи асосӣ барои қабули дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад, ки онҳо асосан ифодагари мафкуравии Конститутсия хоҳанд буд. Воқеан, таҷрибаи давлатдории миллӣ нишон дод, ки ин вазифаи худро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зарурӣ ба анҷом расонд. Зеро аз лаҳзаи қабул гардиданаш то ба ҳол дар заминаи он зиёда аз ҳазор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ равона гардидаанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар кишвар мусоидат карда, маҳз тавассути ин вазифаҳо дар пешравии давлат ва ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши сазовори худро мегузорад. Ҳамчунин, дар низоми қонунгузорӣ ҳамчун ҳуҷҷати заминавӣ ба ҳисоб рафта, доира ва хусусияти танзимсозии давлатиро дар ҳамма соҳаҳои асосии ҷамъият ба танзим медарорад. Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ асоси ҳуқуқии тамоми қонунгузории кишвар ба шумор рафта, дар такмили қонунгузории миллӣ ва рушди низоми ҳуқуқи миллӣ нақши назаррасро доро мебошад.

ҲАМЧУНИН, ДАР ИН РАДИФ БОЯД ИБРОЗ ДОШТ, КИ НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲИЯ, ҚАБУЛ ВА ТАШАККУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МЕЪЁРҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ НАЗАРРАС ВА АРЗИШМАНД МАҲСУБ МЕЁБАД, КИ ЧУНИН ТАВСИФ НАМУДАНИ ОН БА МАҚСАД МУВОФИҚ АСТ:


#Лоиҳаи Конститутсия. Бо ташаббуси Пешвои миллат ба хотири ҳифзи Истиқлолият, суботи сиёсӣ ва бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд комиссияи конститутсионӣ таъсис ёфта, зери роҳбарии Пешвои миллат ду номгӯи Лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро омада ва пешниҳоди халқ гардид;

#Раъйпурсии умумихалқӣ. Пешвои миллат дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули Конститутсияи ҶТ бевосита иштирок намуда, шакли идораи ҷумҳурии президентиро қобили қабул шумориданд. Масири таърих исбот намуд, ки маҳз шакли давлатдории президентӣ вобаста ба омилҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ барои давлатдории навин дар кишварӣ мо мусоид ва татбиқшаванда буд;

#Сиёсати инсонмеҳварӣ. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарбаргирандаи меъёрҳое мебошанд, ки аз хирадсолорӣ ва сиёсати инсонмеҳварии Пешвои миллат шаҳодат медиҳанд. Аз қабили меъёрҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шакли давлатдории ҷумҳуриявӣ, низоми сиёсии демократӣ, гуногунмафкуравӣ, тағйирнопазирии марзи давлатӣ ва м.и.;

#Ислоҳоти конститутсионӣ. Ташаббусҳои созгор ва саривақтӣ оид ба ислоҳоти конститутсионӣ дар мамлакат. Вабаста ба пешрафти ҷомеа, тағйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ, баланд гардидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, инкишофи забони давлатӣ, мутобиқгардонӣ бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, баинобатгирии таъсири манфӣ ва мусбии равандҳои ҷаҳонишавӣ солҳои 1999, 2003 ва 2016 дар кишвар ислоҳоти конститутсионӣ амалӣ гардонида шуд, ки дар ин ҷода низ саҳми беандозаи Пешвои миллат аст;

#Тартибот, амният, волоият, адолат. Бо мақсади ҳифзи тартибот, амният, волоияти қонун, баамалбарории адолати судӣ ва м.и. меъёрҳои мушаххас оид ба фаъолияти мақомоти давлатӣ дар Конститутсия муқаррар ва мустаҳкам гардида, сохторҳои мазкур дар масири давлатдории навин дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор мебошанд;

#Ҳомии Конститутсия. Конститутсия ҳамчун санади устувори танзимкунандаи ҷомеа ниёз ба ҳифз дорад, зеро дар сурати ворид кардани тағйироту иловаҳои зиёд, мавқеи онро коста гардонида, таваҷҷуҳи мардум барои риоя кардани меъёрҳои коста мегардад. Аз ҳамин лиҳоз, дар давоми 30 соли мавҷудият дар умум ба он 3 маротиба тағйироту иловаҳо ворид гардидааст. Бинобар ин, дар қисми 2 моддаи 64 муқаррар гардидааст, ки Президент ҳомии Конститутсия аст. Албатта, аз мазмуни муқаррароти баёншуда бармеояд, ки Президенти мамлакат барои устувор нигоҳ доштани худи Конститутсия ҳамчун санади олии давлатдорӣ дар ҷамъият ва амалишавии меъёрҳои он аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад. Ҳамин буд, ки дар давоми мавҷудият, бо талошҳои беназири Пешвои миллат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро дар ҷомеа нигоҳ дошт.

#Соли маърифати ҳуқуқӣ. Дар ҳамин замина, бинобар муҳиммияти хоси худ барои давлатдории навин ва нақши устувору созанда доштани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 30 солагии қабули ин санади сарнавиштсоз бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 декабри соли 2023, №668 соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид ва 30-солагии ин санади нодири давлатдорӣ дар мамлакат бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ, ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат, роҳнамо ва дурнамои орзуву омоли халқ, заминаи низоми ҳуқуқии мамлакат, сарманшаи рушди қонунгузорӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳо, эътирофгари соҳибихтиёрии давлатӣ, инъикосгарӣ қонунияту адолати сиёсӣ ва баёнгари ҳокимияти халқ аст ва таҷлили ҷашни 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони арҷгузорӣ ба ин падидаи муқаддаси миллӣ маҳсуб меёбад.

#30_НАҚШ_ВА_30_СОЛИ_МАВҶУДИЯТ

Мақолаи мазкур ба ифтихори 30 соли мавҷудияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он 30 нақши ин санади сарнавиштсоз дар пешрафту инкишоф, назму тартибот, амнияту субот ва муаррифии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ инъикос гардидааст, ки аз аҳаммият ва арзишмандии он гувоҳ аст. Аз ин рӯ, огоҳ будан, ифтихор доштан, риоя ва иҷрои меъёрҳо ва эҳтиром гузоштан ба он барои ҳар як шаҳрванди бохираду шарафманд вазифаи имонӣ ва қарзи виҷдонӣ маҳсуб меёбад.

1. Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, иҷтимоӣ ва президентӣ. Маҳз, ин ҳуҷҷати сарнавиштсози миллату давлат дар моддаи 1, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, иҷтимоӣ ва президентӣ муайян намуд. Ин боис гардид, ки дар тули дарозои таърих миллати тоҷик ба ҳама орзуву омоли чандинасраи худ дастёб гардида, ба истиқлолияти комили сиёсӣ шарафёб шавад.

2. Забони давлатӣ. Яке аз рукнҳои давлатдорӣ дар шароити муосир, доштани забон аст. Бинобар ин муҳимияти хоси худ, дар моддаи 2 Конститутсия мавқеи забони далатӣ, яъне забони тоҷикӣ ҳамчун забони тамаддуни башарӣ дар масири таърих, мустаҳкам гардид. Барои тақвият ва амалишавии ин меъёри конститутсионӣ бо ташаббуси Пешвои миллат Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009, № 553 қабул гардид. Аз мазсуни моддаи 1 қонуни мазкур бармеояд, ки он истифодаи забони давлатиро дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони инфиродӣ танзим медарорад.

З. Рамзҳои давлатӣ, ки ифодагари арзишҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамчун рукни давлатдорӣ маҳсуб меёбанд, дар моддаи 3 Конститутсияи ҶТ муқаррар карда шуданд. Мутобиқи он Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ба сифати рамзҳои давлатӣ эътироф мегарданд. Тартиби корбурд ва истифодаи рамзҳои давлатӣ бо Қонуни ҶТ “Дар бораи рамзҳои давлатӣ” аз 12 майи соли 2007 танзим карда мешавад. Зеро рамзҳои давлатӣ муқаддас ба ҳисоб рафта, дар сурати беҷо истифода бурдан ва ё беэҳтиромӣ зоҳир кардан нисбати онҳо ҷавобгариро ба миён меорад. Чунки онҳо ифтихор, марзи номус ва шарафи ҳар як соҳибватан аст.

4.Инъикоси ҳуқуқу озодиҳои иносон ва шаҳрванд. Муқаррар намудани меъёрҳо вобаста ба вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои табии инсон бори аввал дар Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ ҳувайдо гардида, яке аз нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд эътироф гардида, риоя ва ҳифзи онҳо вазифаи асосии давлат дониста шудааст. Инсон маҳаки ҳастии ҷамъият аст ва тамоми шароиту имкониятҳо бояд ба хотири ӯ ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ бошанд. Бинобар ин, як боби алоҳидаи Конститутсияи ҶТ ба ин масъала бахшида шудааст. Ин ҳам аз сиёсати инсонмеҳварии Пешвои миллат бармеояд. Дар ҷодаи амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар кишвар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд қабул гардида, ниҳодҳои давлатӣ таъсис ёфта, пайи иҷрои фаъолияти хизматии худ дар самти амалишавии ин ҳуқуқҳо мебошанд.

5.Кафолати соҳибихтиёрии халқ. Маҳз дар моддаи 6 Конститутсия муқаррар гардидааст, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Аз мазмуни моддаи мазкур бармеояд, ки ягона сарчашма ва амалисозандаи ҳокимият халқ маҳсуб меёбад, ки ин нишон аз ҷомеаи демократӣ будани Тоҷикистон аст. Халқ бевосита Президенти кишвар ва вакилони худро интихоб намуда, ба ин васила, бавосита дар индоракунии давлатӣ иштирок менамоянд.

6.Дахлнопазирии сарҳади давлатӣ. Дар шароити басо душвори ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳдидҳои бевосита ва бавосита аз ҷониби ташкилоту созмонҳои экстремистию террористӣ, паҳншавии ҷанбаҳои манфии ҷаҳонишавӣ, мақсади аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва дигар омилҳои таҳдидкунанда, зарурат пеш меояд, ки дар мадди аввал, сарҳади давлатӣ аз чунин хатарҳо эмин нигоҳ дошта шавад. Ҳифзи сарҳади давлатӣ натанҳо вазифаи давлат ва мақомоти давлатӣ аст, балки уҳдадории ҳар як фарди ватандӯсту хештаншинос маҳсуб меёбад, ки ин муқаррарот дар моддаи 43 Конститутсия пешбинӣ мегардад.

7.Гуногунандешӣ. Яке аз аломатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳар кишвари мутамаддин мавҷудият ва эътирофи гуногунандешӣ маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи Тоҷикистонро ҳамчун ҷузъи ҷомеаи имрӯзаи башарӣ бе мавҷудияти гуногунандешӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Зеро замоне, ки мо ба сар мебарем, дар ҳоли рушду ивазшавию тағйирпазирӣ қарор дорад, дигар меъёрҳои шахшудаи гузашта, имконияти танзими онҳоро надорад. Бинобар ин, Конститутсия чунин имконияту шароитро ба шаҳрвандон фароҳам овардааст. Вобаста ба ин, дар моддаи 8 Конститутсия пешбинӣ мешавад, ки мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.

8.Таҷзияи ҳокимият. Яке аз нишонаҳои давлати ҳуқуқбунёд мавҷудияти таҷзияи ҳокимият маҳсуб меёбад. Шохаҳои ҳокимият – қонунгузор, иҷроия ва суд дар амалигардонии мақсаду вазифаҳои давлат нақшгузор буда, мустақилона амал намуда, имконият фароҳам меоранд, ки принсипи мувозинату боздорӣ таъмин гардида, ҷомеа ба сӯйи пеш қадам занад.

9.Волоияти қонун. Ин принсипи дар моддаи 10 Конститутсия муқаррар гардида, дар асоси он давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд. Ҳамчунин, моддаи 17 принсипи баробарии ҳама дар назди қонун ва суд муқаррар гардидааст. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

10.Сиёсати сулҳҷӯёна. Конститутсия маҳсули андешаи миллист ва дар меъёрҳои он муқаррарот оид ба сиёсати сулҳҷӯёна доштани кишвари моро пешбинӣ менамояд. Давлат, мардум ва миллати мо ҳамеша талош бар он намудааст, ки сиёсатеро пеша намояд, ки дар он ҷо сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ҳукмфармо бошад. Воқеан, амалигардонии ин меъёри конститутсиониро дар фаъолияти инсондӯстонаи Пешвои миллат мушоҳида кардан мумкин аст.

11.Гуногуншаклии моликият. Бо гузариш аз ҷомеаи сотсиалистӣ ба иқтисоди бозаргонӣ зарурат пеш овард, ки дар мамлакат мавҷудияти шаклҳои гуногуни моликият кафолат дода шавад. Зеро дар шароити нав мавҷудияти танҳо моликияти ҷамъиятӣ қонеъкунанда дониста намешуд. Бинобар ин, дар моддаи 12 Конститутсия муқаррар намуд, ки давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад. Вобаста ба ин, дар ҶТ шаклҳои гуногуни моликият: давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ арзи ҳастӣ дорад.

12.Моликияти истисноии давлат. Дар моддаи 13 Конститутсия бошад, пешбинӣ мегардад, ки замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Воқеан, муқаррар гардидани чунин меъёрҳо дар Конститутсия аз он шаҳодат медиҳад, ки давлат ба хотири таъмини баробарӣ ва истифодаи оқилонаи ин неъматҳо саҳмгузор аст. Зеро дар сурати пешбинӣ нагардидани чунин муқараррот, имконияти истифодаи ғайримақсадноки чунин неъматҳои табиӣ ба миён омада, баробарии шаҳрвандон маҳдуд мегардад.

13.Пешбинӣ гардидани падидаи президентӣ. Таҷрибаи таърихӣ исбот намуд, ки мардуми мо ҳангоми қабули Конститутсия роҳи дурусти давлатдориро интихоб намуданд. Зеро тамоми комёбию муваффақияти миллату давлат маҳз аз ҳамин меъёрҳо сарчашма мегиранд. Зеро дар асоси моддаи 64 Конститутсия, Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

14.Бори аввал Конститутсияи ҶТ мафҳуми интихобот ва раъйпурсиро дар худ инъикос намуд. Ин мафҳумҳое мебошанд, ки дар амалишавии ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандони мамлакат нақшгузор буда, ба ин васила, шаҳрвандони кишвар Президент ва вакилони худро интихоб ва Конститутсияро қабул намуданд.

15.Иштироки озоди халқро дар сиёсат ва идораи давлатӣ. Ба ин восита, шаҳрвандон озодона дар асоси принсипи баробарӣ метавонанд, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.

16.Таъсис ва фаъолияти мақомоти давлатӣ. Дар Конститусия таъсис ва фаъолияти ниҳодҳои муҳимми давлатдорӣ пешбинӣ гардидааст. Аз қабили ниҳоди президентӣ, парламент, суд, прокуратура, ҳокмияти маҳаллӣ ва ғ., ки барои амалисозии мақсади маромҳои давлати навини Тоҷикистон саҳмгузоранд.

17.Муқовимат ба ҷинояткорӣ. Аз меъёрҳои Конститутсия бармеояд, ки дар онҳо муқаррарот оид ба пешгирӣ ва манъи ҷинояткорӣ пешбинӣ гардида, асоси фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб меёбанд. Аз ҷумла, дар моддаи 8 муқаррар гардидааст, ки таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Фаъолияти чунин ташкилоту созмонҳо бар хилофи мақсаду мароми давлат ва ҷомеаи навини Тоҷикистон аст. Ба ҳеҷ ташкилот ва созмоне, ки фаъолияти ғайриқонунӣ дорад, дар кишвар ҷой нест.

18.Кафили амалишавии адолати судӣ. Ба амал баровардани адолати судӣ амали саҳлу осон нест. Барои дар амал татбиқ намудани он суди босалоҳият, беғараз ва мустақил лозим аст. Зеро дар сурати ҷазои сахтар додан, давлат чун механизми ҷазодиҳанда муаррифӣ шуда, дар сурати ҷазои сабук додан, дар ботини шаҳрвандон эҳсоси беҷазои пайдо шуда, содиршавии кирдорҳои ғайриқонунӣ дар ҷомеа зиёд мегардад. Аз ин лиҳоз, боби 8 Конститутсия ба ин ниҳоди муҳимми давлатдорӣ бахшида шудааст, ки тавонад, адолати судиро дар ҷомеа таъсин намояд.

19.Конститутсия заминаи тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқии дигар ба ҳисоб меравад. Зеро он қонуни олӣ маҳсуб ёфта, дар сурати мухолифат бо он дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ беэътибор дониста мешавад.

20..Заминаи ҳуқуқӣ барои созиш ва ваҳдати миллӣ. Дар доираи қонун зиндагӣ кардан ҳамеша инсонҳоро ба сулҳу осоиштагӣ роҳнамо месозад. Ба ҳамин хотир, баъди қабул гардидани Конститутсия ҷомеаи мамлкат дарк кард, ки ғуломи қонун будан онҳоро ба сӯйи қуллаи мурод, яъне тинҷию амонӣ раҳсипор месозад. Ҳамин буд, ки халқи мо баваҳдуту ягонагӣ ноил гардид.

21.Ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва омезиши фарҳангҳо, ҳифзи арзишҳои таърихӣ ва нигоҳдошти фарҳанги миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд аст, ки аз Конститутсия сарчашма мегирад, яъне ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст.

22.Парлумони касбӣ. Мавҷудияти низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ барои ҳар кишвари ҳуқуқбунёд зарурур ва муҳим аст. Барои амалисозии ин мақсад, дар ҶТ дар асоси Конститутсия парламенти касбӣ таъсис дода шуд, ки барои қабул ва баланд гардидани сифати қонунҳо дар кишвар, ки танзимгари асосии муносибатҳои ҷамъияти маҳсуб меёбанд, мусоидат менамояд.

23. Ҷомеаи шаҳрвандӣ. Кишварҳое, ки худро давлати демократӣ эълон намудаанд, дар он ҷой ҷомеаи шаҳрвандӣ арзи ҳастӣ дорад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ чунин ҷомеа эътироф мегардад, ки дар он ҷой қонуни ҳуқуқӣ ҳукмрон аст ва ҳуқуқу озодиҳои табиии шахс эътироф мегардад. Маҳз бо қабул гардидани Конститутсия дар ҶТ ҷомеаи шаҳрвандӣ будёд гардид.

24.Эътирофи ҶТ ҳамчун узви ҷомеаи байналмилалӣ. Дар дебочаи Конститутсия пешбинӣ мегардад, ки МО, ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Аз ин лиҳоз, дар ҳалли проблемаҳои ҷаҳонӣ метавнем, ки ташаббусҳои беназир пешниҳод созем. Маҳз бо истифода аз ин ҳуқуқ, аз ҷониби Тоҷикистон бо саҳми Пешвои миллат ташаббусҳои созанда, ки дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон тақдирсоз мебошанд, ироа гардидааст. Дар ҳамин замина, дар Конститутсия пешбинӣ мегардад, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Ин шаҳодати дигар ба он аст, ки Тоҷикистон ҷузъи ҷомеаи башарӣ маҳсуб ёфта, ба хотири ҳифзи амнияту субот ва қонунияту адолат дар ҷаҳон талош меварзад.

25.Таҳкими давлати иҷтимоӣ. Вобаста ба мавҷудияти давлати иҷтимоӣ Конститутсия дар моддаи 1 муқаррарот пешбинӣ намудааст, ки тибқи он Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

26.Тағйирнопазирии меъёрҳо. Яке аз махсусиятҳое, ки дар моддаи 100 Конститутсияи ҶТ муқаррар гардидааст, нақш ва устувории онро дар давоми фаъолияти чандинсола бозҳам устувортар мегардонад. Зеро тибқи меъёрҳои моддаи мазкур шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд. Ин ба он мазмун аст, ки дар ягон шароит ва вазъияти хусусиятҳои зикршуда дар ҶТ мавриди тағйирот қарор намегиранд. Зеро онҳо ифодагари ормонияти миллӣ маҳсуб ёфта, барои ояндаи дурахшони мамлакат хизматгузоранд.

27.Дар худ инъикос кардани ислоҳоти конститутсионӣ. Албатта, Конститутсия санади шахшуда ва ё догма нест. Вобаста ба пешрафти ҷомеа бояд тағйирпазир бошад. Конститутсия бояд мувофиқ ба талаботи замон ва манфиатҳои мардум ба тағйиротҳо рӯ ба рӯ гардад, аммо бояд устувор монад. Зеро зуд зуд ворид кардани тағйиру иловаҳо ба он метавонад боиси коста гардидани устувории он гардад. Бинобар ин, дар давоми 30 соли мавҷудияти он 3 маротиба ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида шуд. Ин аз он шазодат медиҳад, ки устувории Конститутсия дар мамлакат таъмин гардидааст, зеро дар давоми 30 сол талаботи ҷомеа чунин тағйиротро тақозо менамояд.

28.Таҳкими фаъолияти ҳокимияти иҷроия ва принсипи волоияту тобеият. Маҳз ин принсип имконият медиҳад, ки сохторҳои ҳокимияти иҷроия фаъолияти худро дуруст ба роҳ монда, ниҳодҳои поёнӣ ба сохторҳои болоӣ тобеъ ва ҳисоботдиҳанда бошанд, ки ин хоси давлати ягона маҳсуб меёбад. Ба ин роҳ, идоракунӣ дуруст ба роҳ монда шуда, назму тартибот дар ниҳодҳои давлатӣ ба танзим дароварда мешавад.

29.Дар худ инъикос намудани меъёрҳо вобаста ба вазъи ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ки хоси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ба хотири саҳми арзанда, хизматҳои шоиста, талошҳои хастанопазир, ташаббусҳои созанда, муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ва ҳифзи давлатдорӣ дар шароити басо мураккаби ҷомеаи башарӣ вазъи ҳуқуқӣ-конститутсионии Пешвои миллат дар моддаи 65 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуд.

30.Дар умум, Конститутсия дар ин 30 соли мавҷудияти худ тавонист, ки заминаи ҳуқуқии суботу оромӣ, сулҳу осоиштагӣ, пешрафти ҷомеа, иқтисоди миллӣ, маррифии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ гардад.

Ин аст, 30 нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 30 соли мавҷудияти он барои давлату миллати тоҷик, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат дар шароити ниҳоят мураккабӣ ҷомеаи Тоҷикистон қабул гардид. Ин аст, сиёсати хирадмандона, дурандешона, инсондӯстона ва ояндабинонаи Сарвари давлат барои ин давлату миллат. Ин аст, хирадсолорӣ ва ҷонфидоии Пешвои миллат.

Мирализода Эмомалӣ
н.и.ҳ., дотсенти кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат
бо коррупсияи факултети
ҳуқуқшиносии ДМТ

Раҳмонзода М.Ҷ.
н.и.ҳ., дотсенти кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат
бо коррупсияи факултети
ҳуқуқшиносии ДМТ