Теъдоди ҳалокшудагон бар асари обхезии шадид дар Испания ба 217 нафар расид. Дар ин бора агентии иттилоотии ТАСС хабар медиҳад. То ҳол даҳо нафари дигар бенишон ҳастанд. Аз офати табиӣ бештар минтақаи Валенсияи зарар дидааст.
Ба иттилои расонаҳои хабарии маҳалллӣ интизор меравад, ки шумори ҳалокшудагон афзоиш ёбад, зеро корҳои ҷустуҷӯӣ дар минтақа то ҳол ба анҷом нарасидааст ва вазъи саломатии маҷруҳон низ вазнин арзёбӣ мегарадад. Барои бартараф карадани оқибатҳои офати табиӣ ва корҳои ҷустуҷуӣ беш аз 4 ҳазор нафар кормандони хадамоти марбута сафарбар гардидаанд.
Ҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, ки рӯзҳои наздик боришоти шадид дар назар буда, эҳтимоли сар задани обхезӣ низ вуҷуд дорад. Аз ин хотир Ҳукуматдорони маҳаллӣ ба сокинон ҳушдор додаанд, ки эҳтиёткор бошанд ва аз сафар ба ҷойҳои дур худорӣ кунанд.