ИНСОН, ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ Ӯ АРЗИШҲОИ МЕҲВАРИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ унсури муҳими давлати демократию ҳуқуқбунёд ва падидаи аввалиндараҷаи ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд. Бо қабул гардидани Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ пойдевори устувор тарҳрезӣ гардида, инсон ва ҳуқуқу озодиҳояш ҳамчун бузургтарин арзишҳо шинохта шуданд.

Мувофиқи моддаи 5-и Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд.

Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, инчунин кафолати ҳифзи онҳо нишонаи асосии давлати ҳуқуқбунёд аст, ки Тоҷикистон онро дар сатҳи қонуни асосии худ муқаррар намудааст. Назария ва амалияи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таърихи бисёрасра дошта, дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ дар ҳуҷҷатҳову санадҳои гуногун инъикос ёфтааст. Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои шинохти мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ аз диди тоза назар андохта, онҳоро болотар аз ҳар арзиши дигар эътироф намуд. Бояд қайд кард, ки шинохти инсон ҳамчун арзиши олӣ дар анъанаҳои афкори ҳуқуқии ниёгони мо низ ҷойгоҳи сазовор касб намуда, дар низоми ҳукуқии имрӯза ба таври арзанда ва сазовор инъикос ёфтааст. Аз ин муқаррароти Конститутсия бармеояд, ки ҳама чиз дар давлат ва ҷомеа барои қонеъ гардонидани талаботи инсон равона шуда, ҳеҷ як манфиат, неъмат ва дороӣ аз инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ боло буда наметавонад.

Мафҳуми ҳуқуқи инсон дар адабиётҳои ҳуқуқӣ ин андозаи рафтори имконпазири тавассути ҳуқуқ кафолатдодашуда маънидод карда мешавад, ки бидуни он инсон ҳамчун махлуқи бошуур зиндагӣ карда наметавонад. Озодӣ бошад, ифодаи ҳуқуқии мухторияти фард аст, ки истифода бурдан аз он ба иродаи инсон вобаста аст. Дар фарқият аз озодӣ ҳуқуқи инсон нисбатан мушаххастар буда, дар он уҳдадории субъекти дигар, аз ҷумла давлат дар муқобили ҳуқуқи инсон муқаррар мегардад. Дар муқобили озодии инсон уҳдадориҳо мушаххас нестанд, дигарон танҳо масъуланд, ки ба иҷрои он монеъ нашаванд.

Асоси ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин намудан ва кафолати амалисозии онҳо ташкил медиҳад, ки бевосита дар моддаи 14-и Конститутсия муқаррар карда шудааст. Тибқи моддаи мазкур ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.

Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.

Бояд қайд кард, ки агар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия ва қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ифода наёфта бошанд, онҳо самти татбиқи худро гум мекунанд. Ғайр аз ин, ҳолатҳое, ки дар Конститутсия оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос ёфтаанд ва кафолат дода шудаанд, инкишофи худро дар қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки мақомоти давлатӣ қабул мекунанд, пайдо намуда, тартиби иҷрои онҳо муайян карда мешавад. Масалан, тартиби иҷрои ҳуқуқи инсон ба меҳнат, таҳсил ва ҳифзи саломатӣ дар қонунгузории соҳаи меҳнат, тандурустӣ ва маориф нишон дода шудаанд. Дар сурати аз ҷониби шахсони алоҳида монеагӣ эҷод намудан ба иҷрои ҳуқуқу озодиҳои инсон қонунгузорӣ ҷавобгарӣ ва татбиқи ҷазоро муайян мекунанд, ки ин кафолати ҳифз гардидани онҳо мебошад. Чунончӣ, моддаи 164-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосиро ҷиноят эътироф намудааст ва барои ин кирдор ҷазои ҷиноятиро пешбинӣ менамояд.

Бевосита амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пеш аз ҳама, ба он асос меёбад, ки онҳо дар Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд ва иҷрои онҳо кафолат дода мешавад. Дар Конститутсия пешбинӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон мазмуни онро дорад, ки онҳо уҳдадории ҳукуқии шахсони мансабдор ва ҳамаи кормандони мақомоти давлатиро муқаррар мекунанд ва ҳамаи шахсони мансабдор ва мақомоти давлатӣ вазифадоранд, риояи ин ҳуқуқу озодиҳоро таъмин намоянд.

Инчунин, меъёрҳои Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ доранд ва онҳо бевосита, мустақиман амал мекунанд. Шахс ва шаҳрванд Конститутсияро ба роҳбарӣ гирифта, метавонад ҳуқуқу озодиҳои худро амалӣ намояд ё дар ҳолати вайрон кардани онҳо ба меъёрҳои Конститутсия такя намуда, онҳоро ҳифз кунад.

Бевосита амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф намудан мазмуни онро дорад, ки ҳамаи шахсони мансабдор ва мақомоти давлатӣ бояд онҳоро эҳтиром, риоя ва ҳифз кунанд. Онҳо бояд мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳоро муайян созанд. Яъне, қонунҳо набояд қоидаҳои рафтореро муайян намоянд, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон мувофиқ набошанд ё онҳоро халалдор созанд. Мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ дар фаъолияти худ пеш аз ҳама, бояд ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба назари эътибор гиранд. Риоя гардидан ва иҷро шудани онҳоро таъмин намоянд. Фаъолияти онҳо дар ягон маврид набояд ҳуқуқу озодиҳои инсонро халалдор созад ё маҳдуд намояд.

Агар ҳуқуқу озодиҳои инсон бевосита амалӣ ва риоя нашаванд, онҳо ба воситаи ҳокимияти судӣ бо роҳи татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ таъмин карда мешаванд. Яъне, давлат вазифаи худро вобаста ба ҳифз ва таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар симои ҳокимияти судӣ иҷро менамояд.

Х. АЗИЗЗОДА,
мудири бахши назорати Суди Олӣ