29-уми октябри соли 2024, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Элза Пинёл мулоқот намудааст.
Тавре Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ҳамкории кишварҳо дар соҳаи энергетика ва захираҳои об мавриди баррасӣ қарор гирифта, тарафҳо аз натиҷаҳои он изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҷониби фаронсавӣ ҷиҳати тақвият додан ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо нав, аз ҷумла иштироки ширкатҳои онҳо дар сохтмони неругоҳҳои барқи обии дар дарёи Зарафшон бунёдшаванда ва неругоҳҳои офтобӣ изҳорӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуд.
Изҳори итминон гардидааст, ки минбаъд низ ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд тавсеа хоҳанд ёфт.