Футболбозони навраси тоҷик (U-17) бо 3 ғалаба дар даври интихобӣ, ба Ҷоми Осиё – 2025 миёни наврасон роҳ ёфтанд

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё – 2025 бар 3 рақиби худ пирӯз гардида, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд.

Шаби гузашта дар бозии ниҳоии марҳилаи интихобӣ, дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамсолони худ аз Уммон дар варзишгоҳи “Бишан”-и Сингапур дидор анҷом дода, бо ҳисоби 2:0 пирӯз шудаанд.

Ҳарду голи ин рақобатро Муҳаммад Назирев (дар дақиқаҳои 71 ва 81) ба нишон расонид.
Наврасони мо бо касби 9 имтиёз аз мақоми аввали гурӯҳи “J” ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 3-юм то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ ёфтанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки наврасони Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 таҳти роҳбарии Марко Раҷинӣ бар ҳамтоёни худ аз Гуам (33:0), Сингапур (3:1) ва Уммон (2:0) пирӯзӣ ба даст оварданд. Дар 3 бозӣ футболбозони навраси тоҷик ба дарвозаи ҳарифон 38 гол зада, як гол хӯрданд.

Рустами Зоир

радиои “Тоҷикистон”

Акс аз саҳифаи расмии ФФТ