Рӯзи 29 октябри соли равон дар меҳмонхонаи Ҳайят-Реҷенсии шаҳри Душанбе нахустин Форуми байналмиллалии кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки аввалин рӯйдоди пешрафта дар соҳаи маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия дар ҷумҳурӣ мебошад.
Ширкаткунандагону коршиносони соҳа дурнамои рушди бозори кӯҳӣ ва металлургии кишвар, навовариҳо дар истифодаи таҷҳизот ва технологияҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳо, технология барои рушди устувор ва як қатор масъалаҳои дигарро муҳокима хоҳанд кард.
Чорабинии мазкур барои ҷалби сармоягузории соҳа ва таъмини ҳамкории самаранок пешбинӣ шудааст.
Барномаи Форум ҷаласаи умумӣ, сессияҳоро дар бар мегирад, мизҳои мудаввар ва муоширати корӣ ва майдони муносиб барои мубодила мегардад. Ҳамчунин таҷрибаи хубе дар самти коркарди маъданҳои куҳӣ ва ҳам рушди ҳамкориҳо дар соҳаи бунёдӣ ва ҳам геологияи амалӣ хоҳад шуд.
Шоистаи Аҳмад,
радиои “Тоҷикистон”