Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи «Хишти аввал»-ро ба истифода доданд

26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ корхонаи «Хишти аввал»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи муосири «Хишти аввал» дар ноҳияи Рӯдакӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат аз тарафи ҶСП «Корпоратсияи Тоҷвар» бунёд шуда, иқтидори он дар як шабонарӯз 200 ҳазор дона хишт мебошад.

Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншоот дар муҳлати 4 моҳ бо сифати баланду ҷавобгӯи талаботи стандартҳои байналмилалӣ сохта шуда, дар вақти сохтмон сокинони зиёди маҳаллӣ ба кор ҷалб мешуданд.

Корхона дар доираи фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ бо ҳадафи саҳмгузорӣ дар рушди истеҳсолоти ватанӣ ва вусъат бахшидан ба корҳои созандагӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ дар масоҳати 1,7 гектар бунёд гардида, раванди коркарду истеҳсоли маҳсулот дар ин ҷо автоматӣ сурат мегирад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи «Хишти аввал» 50 нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми сармоягузори ватаниро барои бунёди чунин иншооти муҳташами саноатӣ муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон супориш доданд, ки бештар ба сифат ва стандарти маҳсулот таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Аз рӯйи маълумот ҳоло дар ноҳияи Рӯдакӣ 25 корхонаи хиштбарорӣ фаъолият доранд.

Дар ин ҷо барои кормандону мутахассисон бинои дуошёнаи маишию хизматрасонӣ бо шароити хуб сохта шудааст, ки дорои ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, маҷлисгоҳ ва ошхона мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо раванди фаъолияти корхонаи «Хишти аввал» дар ҳамин ҷо ҳамзамон барои бунёди ду корхонаи дигари саноатӣ оғоз бахшиданд.

Тавре иттилоъ доданд, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти керамзит дар ноҳияи Рӯдакӣ ва корхонаи истеҳсоли хишти пухта дар ноҳияи Данғара аз тарафи ҶСП «Корпаратсияи Тоҷвар» бунёд карда мешавад.

Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти керамзит дар шафати корхонаи «Хишти аввал» бо истифода аз технологияи муосир сохта мешавад, ки пас аз ба кор даровардани он 30 нафари дигар аз мардуми маҳаллӣ соҳиби кор мешаванд.

Ҳоло мувофиқи лоиҳа дар ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ барои бунёди корхонаи нави хишт оғоз гардидааст.

Баъди пурра мавриди истифода қарор гирифтан корхонаи «Хишти Данғара» бо иқтидори истеҳсолии 200 ҳазор дона хишт дар як шабонарӯз фаъолият карда, 50 нафар дар он бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Сокинон ва соҳибкорони ватанӣ дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош мекунанд, ки ба хотири таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тадбирҳои ободониро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъат дода, саҳми худро дар ободонии Ватани азизамон гузоранд.