Дар доираи Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» санаи 15 октябр дар Кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ гардиданд.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш иброз гардид, ки робитаҳои таърихӣ ва фарҳангии ҳарду давлат барои тавлиди муштараки филмҳо имконият зиёдеро фароҳам овардааст. Баҳри рушди филмҳои муштарак филмноманависон, коргардонҳоро ва масъулини соҳаро зарур аст саҳми назаррас гузоранд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён иброз доштааст, ки Тоҷикистон ба унвони як мамлакати дӯсту бародари ҳамзабон, ҳамфарҳанг ва ҳамнажод дар сиёсати хориҷии Эрон мавқеи хоса дорад. Робитаҳои ду давлат дар ҳама бахшҳо хусусан дар самти театр ва кино, мусиқӣ ва коргардонии кино дарсатҳи хеле хуб қарор дорад.
Дӯстдорони синамои Эрон ин шом филми «Ҳук»-ро тамошо карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии миллӣ намоиш дода мешаванд.
Ҳамчунин дар чаҳорчӯби он филмҳои пурра, кӯтоҳи бадеӣ, мустанад ва тасвирӣ, ки давоми солҳои 2023-2024 рӯйи навор омадаанд, пешниҳоди тамошобинони кинои тоҷик мегарданд.
Дар назар аст, ки иштирокчиёни Синамоҷоиза аз маконҳои таърихӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мисли «Осорхонаи миллӣ», «Кохи Наврӯз», дараҳои Ромиту Варзоб ва шаҳрҳои Норак ва Ҳисор дидан намоянд.
Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» бо мақсади ба таври шоиста муаррифӣ намудани манфиатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихор аз миллати созанда, тавсифи табиати зебои диёр, ҷалби сайёҳон, дарёфти истеъдодҳои нодир дар соҳаи синамо дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» доир мешавад.