Шоми имрӯз вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдураҳмон ибни Ҳамад Оли Сонӣ ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои Рузҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди Душанбе гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Меҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини аввали вазири фарҳанг Назариён Обид Одилзода ва Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул ешвоз гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки фардо вазири фарҳанги кишвар Матлубахон Сатториён бо вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдураҳмон ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуда, ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвари дустро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Бегоҳи ҳамин руз-16-уми октябр бо суханони ифтитоҳии вазирони ҳарду вазир Рузҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Тоҷикистон оғоз мегардад.