Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Хатлон ба маблағи 8,44 миллиард сомонӣ

Дар вилояти Хатлон имсол ба маблағи 8,44 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд, ки бо назардошти нархҳои муқоисавӣ суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 6,0 фоиз зиёд шуда, ҳиссаи он дар сатҳи ҷумҳурӣ 22,6 фоизро ташкил додааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ додааст.

Ҳамчунин манбаъ иттилоъ медиҳад, дар доираи Солҳои рушди саноат (2020-2026) бунёди 500 корхонаи саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора соли 2020 — 37 корхона, соли 2021- 123 коргоҳу корхона ва соли 2022- 106 корхона ба истифода дода шуд. Тибқи тадбирҳои андешида, то охири соли 2026 сохтмони зиёда аз 200 корхонаи нав пешбинӣ гардидааст.

Гуфта мешавад дар нуҳ моҳи соли равон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба соҳаи сохтмон беш аз 2 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шуд. То 1 октябри соли равон тибқи нақшаи пешакӣ дар вилоят аз тарафи шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди 3540 биною иншоот бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назар аст.