Вақте фарзанд ба камол мерасад, волидайн орзуи хонадор кардани онҳоро мекунанд. Бо чи қадар ҳавову ҳавас тӯй барпо намуда, ба хонадон келин меоранд. Хурсанду хушҳол мешаванд, ки ба хонадони онҳо меҳмони нав – келин омад. Вале мутаассифона, дар аксар хонаводаҳо муносибати хуби келину хушдоман дер давом намекунад. Якчанд муддат нагузашта, нофаҳмиҳо байни келину хушдоман ба миён меояд. Сабаб чӣ бошад? Гунаҳгор кӣ? Хушдоман ё келин? Пайи ҷустуҷӯйи ҳамин суолҳо мо бо якчанд нафар мутахассисон ва шаҳрвандон ҳамсӯҳбат шудем.
Вақте ки ба хонадон келин ворид мешавад, хушдоман хислатҳои келин ё ин ки келин хислатҳои хушдоманро намедонад. Бояд ки ҳарду ҷониб хислатҳои ҳамдигариро омӯзанд. Чун имрўз атрофи муносибати байни хушдоману келин ҳарф мезанем, гуфтан ба маврид аст, ки дар доираи якдигарфаҳмӣ бояд келину хушдоман зиндагӣ ба сар баранд. Мутаассифона, на ҳамаи онҳо ин муносибатро дарк карда метавонанд. Баъзан ба мушоҳида мерасад, ки аксарияти хушдоманҳо бо келинҳо ва ё келинҳо бо хушдоманҳо муросо надоранд. Дар ин маврид андешаҳои Сабоҳат Рустамзода, корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҲҶТ ба маврид аст: «Духтар, вақте ки ба хонадони шавҳар ворид мегардад, бояд ки расму русум ва оине, ки шавҳар дорад, арҷ гузорад, чунки муҳити хонаи духтар дигар буд, аммо муҳити хонадони шавҳар дигар аст. Духтарон бояд ба муҳити хонадони шавҳар мутобиқ гарданд. Агар эҳтиром бошад, оила ҳам солим мемонад,ҳам пойдор мемонад».
Ба андешаи Сабоҳат Рустамзода ба назар мерасад, ки баъзе модарон садди роҳи хушбахтии фарзандони худ мешаванд. Пеш аз хонадор кардани фарзанди худ онҳо бояд дуруст андеша кунанд, ки ба ҳаёти оиладорӣ омода аст ё не. Дар ҳақиқат модароне ҳастанд, ки барои духтарони худ зиндагии шоҳона мехоҳанд. Модарон фикр намекунанд, ки худи онҳо келин буданд ва чи хизматҳоеро барои хусусру хушдоманҳои худ анҷом додаанд? Имрӯз бошад ба зиндагии духтарони худ дахолат карда онҳоро аз роҳ мезананд.
Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ки агар дуруст назар кунем, ин модарон нисбат ба келинҳои худ дағалона рафтор карда, муносибати хубу эҳтиром надоранд. Чаро мехоҳад, ки духтараш шоҳона зиндагӣ кунад, вале зиндагии шоҳонаро барои келинҳои худ муҳайё намекунанд?
Дар ин маврид муроҷиатҳо ба Кумитаи занон зиёд мешаванд. Дар аксар маврид духтарон мегӯянд, ки ба зиндагии онҳо модарон дахолат мекунанд. Аммо ташхисҳои Кумита нишон додааст, ки аслан гуноҳи духтар он аст, ки бо телефон ба модарони худ хабари хонаи шавҳарро мерасонанд. Модарон ба ғазаб меоянд, нофаҳмиҳо ва хафагиҳо байни қудоҳо ба вуҷуд меояд. Ва ин омилҳо ба ҷудоии навхонадорон оварда мерасонад. «Ҷавондухтарон бояд ҳушёр ва зирак бошанд. Хусуру хушдоманҳои худро иззатиу эҳтиром намоянд. Келинҳо дар бисёр вақт мехоҳанд, ки ҳамчун шоҳҳамсар зиндагӣ ба сар баранд, аммо онҳо он вақт шоҳҳамсар мешаванд, ки агар муҳити оилавии худро созгор нигоҳ доранд, ба қадри оилаву оиладорӣ расанд»- таъкид кард Сабоҳат Рустамзода.
Дар идомаи сӯҳбат мегӯяд, ки мутаассифона, ҳастанд, хушдоманҳое, ки келинро ҳамчун фарзанди хона не, ҳамчун ғулом истифода менамоянд. Келинҳое ҳастанд, ки ба кумитаи мо муроиат мекунанд. Баъзе хушдоманҳо рашки модарӣ доранд, ки ба муносибатҳои созгори навхонадорон дахолат мекунанд. Онҳо бояд аз ин чиз худдорӣ кунанд. Нисбат ба келинҳои худ меҳрубон, хоксор бошанд. Бо меҳрубонӣ онҳоро тарбия кунанд. Чунки келин фарзанди хонадони онҳо мешавад. Ё ин ки келинҳое ҳастанд, ки умуман аз маърифати оиладорӣ бохабар нестанд. Иззату эҳтироми калонҳоро ба ҷо намеоранд. «Мо ба онҳо маслиҳатҳо медиҳем ва насиҳат мекунем, ки зиндагиашонро вайрон накунанд» – изҳор дошт ҳамсӯҳбати мо.
Мегўянд, ки чор пиру чор тадбир. Албатта, вақте ки духтар ба хонадони шавҳар келин шуда меравад, бояд ки падару модари шавҳари худро иззату эҳтиром намояд. Афсўс, ки баъзан келинҳо ба қадри хушдоманҳои худ намерасанд. Онҳоро меранҷонанд. Фикр намекунанд, ки хушдоман низ ба ҷойи модар аст ва худи келинҳо низ оянда модар мешаванд. Дар ҳаёти оиладорӣ дар аксар ҳолатҳо, албатта, нофаҳмиҳо мешавад. Ин зиндагӣ ҳаст, пастиву баландӣ дорад. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин бояд келинҳо дар зиндагӣ устувор буда, сабру тоқатро пешаи худ намоянд. Баъзан мешавад, ки келинҳо ҳар як нофаҳмие, ки байни шавҳар ва ё хушдоман мешавад, зуд ба модарони худ тариқи телефон хабар медиҳанд. Дар ин ҳолат модарон духтарони худро ба ҷойи он ки насиҳат кунанд, аз роҳ мезананд. Келинҳо ба гапи модарони хеш гўш дода, нисбат ба хушдоманҳои худ беэҳтиромӣ зоҳир менамоянд. Дар ин маврид як нафар шаҳрванди Тоҷикистон холаи Сафармоҳ, ки аз писару келини худ эҳтиром надидааст ва мегўяд, ки ҳеҷ гоҳ писари худро, ки ба хотири зан шуда аз модар рў тофтааст, намебахшад:
«Ман фарзандонро бе падар калон кардам, хӯрондам пӯшондам. Писари калониро бо чи қадар орзу оиладор карда ба хонааам келин овардам. Баъд аз туй муносибати ману келинам хуб буд. Зиндагӣ пастиву баландиҳо дорад, вале бо мурури замон модари келинам ба ҳама кори зиндагии мо дахолат мекард, ба ҷойи он ки духтарашро насиҳат кунад, ки ҳамчун фарзанд дар хонадони шавҳар рафтор кун. Оҳиста-оҳиста муносибати келин бо ман дигар шуд. Эҳтиром аз байн рафт»- мегӯяд ӯ. Ин модари солхӯрда иброз дошт, ки модари келин ҳамеша дахлдор мешуд, ки духтари ман эрка аст. Як рӯз аз кор омадам, ки модари келин мошин овардаасту бору буғчаи келини маро ҷамъ карда истодааст. Ӯ духтарашро ба хонаи худаш гирифта бурд. Писарам ҳамроҳи ҳамсараш рафт. Ҳарчанд гиря карда, зориву тавалло кардам, вале бе натиҷа. Аз ин бармеояд, ҳастанд занҳое, ки шавҳарони худро аз модар, бародару хоҳар ҷудо мекардаанд. Ман худамро гунаҳгор намекунам. Чунки дар ҳама хона гапу хабар ҳаст. «Мақсади ман ҷудо кардани онҳо набуд. Фақат мехостам, ки келин ҳамчун фарзанди хонадони ман хизмат ва ҳурмату иззаташро ба ҷо орад. 5 сол мешавад, ки модари келин фарзанди маро намегузорад, ки аз ҳолу аҳволи ман хабар бигирад. Ман гуфтаниям, ки ҳар як падару модар духтарони худро ба ҳаёти оиладорӣ омода карда, иззату эҳтиромро омӯзонанд, баъд ба шавҳар диҳанд»- бо гиря гуфт модар.
Афсӯс! Мегӯянд, ки биҳишт зери қудуми модарон аст. Албатта, он фарзандоне, ки ба қадри шири поки модар, ба қадри ҳама ранҷу меҳнати модар намерасад, ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ файзу баракат намебинанд. Дар ҳақиқат вақте келин вориди хонадони шавҳар мешавад, вай барои хушдоман ба монанди фарзанд аст. Ҳастанд оилаҳое, ки дар он келину хушдоман фарҳанги оиладориро риоя намуда, муҳити ором ва солими оиларо бунёд кардаанд.
Имрӯз теъдоди барҳам хӯрдани оилаҳои ҷавон афзуда истодааст. Сабаби асосии он ин аз таҳсил дур мондани духтарон аст. Дар ин ҷо гунаҳгор падару модар аст, ки духтаронро ҳанӯз дар мактаби миёна таҳсил карданашон зуд ба шавҳар медиҳанд. Мо бо як нафар шаҳрванди шаҳри Душанбе, Гулнисо ҳамсӯҳбат шудем, мегӯяд, ки хушдоман сабабгори вайрон гардидани оилааш шудааст: «Ҳанӯз дар мактаби миёна дар синфи 7-ум мехондам. Вақте ки падарам аз ҳаёт даргузашт, модарам зуд маро ба шавҳар дод. Он чизе, ки аз дастам меомад, дар хонаи шавҳар кор мекардам, чизе намегуфтам, ҳамеша хомӯш будам. Чунки дарки зиндагӣ надоштам. Соҳиби 2 фарзанд шудам. Шавҳарам ба Русия рафта, шаш сол моро суроғ накард. Ба ҳама кори ман дар хонаи шавҳар эрод мегирифтанд, камбудӣ меҷустанд. Хусуру хушдоманам туро шавҳарат ҷавоб додааст гуфта, маро бо се фарзандам аз хона пеш карданд. Ман дар хонаи модарам зиндагӣ мекунам. Кош таҳсил мекардам. Шояд имрӯз зиндагиямро бо меҳнати худам пеш мебурдам. То ҳол сабабашро намедонам, ки чаро зиндагии маро хусусру хушдоманам вайрон карданд»- гуфта афсӯс мехӯрад.
Дар ҳақиқат, чи гуна як духтараке, ки таҳсили илм нагирифтааст, зиндагиро дарк мекунаду гуфтаҳои хушдоманро таҳаммул менамояд.
Зиндагӣ муштарак аст. Хушдоманҳо кўшиш намоянд ба келинҳои худ, ки онҳо ҳоло ҷавон ҳастанд, омўзонанд, насиҳат кунанд, маслиҳат диҳанд ва бо ҳамдигарфаҳмӣ зиндагиро пойдор намоянд. Келинҳо бошанд ҳурмату эҳтироми хушдоманҳои худро ба ҷо биоранд ва дуои неки онҳоро бигиранд. Ҳам хушдоман ва ҳам келин сабру таҳаммулро дар зиндагӣ шиори ҳамаррӯзаи худ донанд. Агар дар оила байни келину хушдоман меҳру муҳаббат ва эҳтирому якдигарфаҳмӣ бошад, зиндагӣ пойдору устувор мегардад.
Зарина Мухторзода,
радиои “Тоҷикистон”