Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо вазири иттилоот ва фарҳанг ва вазири давлатӣ оид ба ҷавонони Давлати Кувайт Абдураҳмон ал-Мутайрӣ мулоқот намуд. Тавре аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд, зимни суҳбат роҳҳои тақвияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои телевизион ва радио, фарҳанг ва ҷавонон баррасӣ шуда, ҳамзамон роҷеъ ба чорабиниҳои муштараки дарпешистода омодагии ҷонибҳо таъкид гардид. Ҳамзамон, дар мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими равобит байни Тоҷикистону Кувайт дар соҳаҳои сиёсиву тиҷоратӣ, роҳандозии табодули сафарҳо ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.