Тибқи гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, 40 дарсади аҳолии фақиртарин дар 26 кишвари ҷаҳон ба сар мебаранд. Аз се ду ҳиссаи ин давлатҳо ё дар ҳолати задухӯрди мусаллаҳона қарор доранд ва ё аз сабаби ноустувории давлатӣ ва иҷтимоӣ душворӣ мекашанд. Инҳо мамлакатҳои Африқо, Афғонистон ва Яман мебошанд.
Бояд гуфт, ки рушди иқтисодии ин давлатҳо пас аз пандемияи COVID-19 коҳиш ёфтааст. Даромади солонаи ҳар сари аҳолӣ дар ин кишварҳо камтар аз якуним ҳазор доллар аст. Таносуби миёнаи қарзи давлатӣ нисбат ба ММД беш аз 72 фоизро ташкил медиҳад ва офатҳои табиӣ ҳамасола тақрибан 2 фоизи ММД хисорот меоранд. Барои дастгирии онҳо, Бонки Ҷаҳонӣ даъват мекунад, ки фонд барои кишварҳои фақиртарин ташкил карда шуда, то охири соли равон бештар аз 100 миллиард доллар ҷамъ карда шавад.