Мулоқоти муовини вазир бо сафири Беларус дар Тоҷикистон

14 октябри соли 2024 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко мулоқот анҷом додааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ зимни он ҷонибҳо вазъият ва дурнамои рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Беларусро дар самтҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Беларус иқомат доранд, муфассал баррасӣ намуда, доир ба ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Беларус табодули афкор намуданд.

Музокирот дар фазои созанда ва дӯстона сурат гирифтааст.