12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 26 бо лоиҳаи бинои Қасри фарҳанг ва кӯдакистон дар маркази ноҳияи Роштқалъа шинос шуданд.
Дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Роштқалъа бинои дуошёнаи Қасри фарҳанг ва кӯдакистон барои 200 нафар бунёд мегардад.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки аз рӯи лоиҳа бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Роштқалъа дар масоҳати 2245 метри мураббаъ, ба таври муосир ва бо назардошти унсурҳои хоси миллӣ бунёд шуда, дар ин замина шароити хуби корӣ барои кормандони бахши фарҳанг муҳайё мегардад.
Дар иншооти соҳаи фарҳанг бунёди толор бо 515 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ пешбинӣ шуда, дар оянда барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Биноҳои қасри фарҳанг ва кӯдакистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби коргарону мутахассисони маҳаллӣ бунёд мегардад.
Тибқи лоиҳа бинои душоёнаи кӯдакистон дар масоҳати умумии 2200 метри мураббаъ сохта шуда, дар он синфхонаҳои барҳавои муҷаҳҳаз бо лавозимоту аёниятҳои таълимӣ, ҳуҷраҳои хоб, ошхона, майдонча барои бозӣ ва фароғати кӯдакон, фаввора ва дигар иншооти ёрирасон бунёд мегардад ва оянда барои насли навраси ин ноҳияи дурдаст шароити хуби таълим фароҳам оварда мешавад.
Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Роштқалъа хатҳои интиқоли барқи баландшиддати Хоруғ — Қозидеҳ, Сурхсангов – Ванҷ ва пули мошингузари деҳаи Даштакро ба таври онлайнӣ мавриди истифода қарор дода, бо лоиҳаҳои нави иншооти энергетикӣ, ки дар ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошим ва Рушон амалӣ мегарданд шинос шуданд.
Хатти интиқоли барқи баландшиддати 110 кВ Хоруғ-Қозидеҳ ва хатти интиқоли барқи баландшиддати 35 кВ Сурхсангов – Ванҷ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд бунёд гардида, дарозии умумии он 84,5 километрро ташкил медиҳад.
Бо роҳандозии ин тадбир, сатҳи садаманокӣ дар низоми ягонаи энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маротиб коҳиш ёфта, сифати барқтаъминкунӣ ба аҳолии деҳаҳои дурдасти ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Ишкошим беҳтар мегардад.
Пеш аз ин ба ноҳияҳои вилоят интиқоли барқ тавассути хатҳои 10 кВ сурат мегирифт, ки нокифоя буд. Бо андешидани тадбирҳои зарурӣ хатти интиқоли барқи 10 кВ ба 35 кВ ва 110 кВ иваз карда шуд ва ба ин восита иқтидори интиқол ва сифати таъминоти аҳолӣ хеле беҳтар шуд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳоло дар доираи лоиҳаи электрофикатсияи деҳоти Тоҷикистон сохтмони 13 неругоҳи хурди обӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз идома дошта, дар 22 деҳаи ноҳияи Мурғоб панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд.
Ғайр аз ин бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд лоиҳаҳои нав, аз ҷумла лоиҳаи сохтмони неругоҳи обии Чартем бо иқтидори 14 МВт дар ноҳияи Шуғнон, лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқи 110 кВ дар ноҳияи Рушон ва лоиҳаи сохтмони зеристгоҳи 110 кВ дар ноҳияи Ишкошим амалӣ мегарданд.
Пули мошингузар дар деҳаи Даштаки ноҳияи Роштқалъа дар доираи сохтмони неругоҳи обии “Себзор” бо ҷалби шарикони рушд бо сифати баланд бунёд шуда, ду деҳаро ба ҳам мепайвандад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2023 оғоз гардида, он дар муҳлати беш аз 1 сол бо сифати баланду ҷавогӯи талабот мавриди истифода қарор дода шуд.
Дарозии пули навсохт 34 метр ва паҳноияш 6 метр буда, иқтидори борбардории он 40 тоннаро ташкил медиҳад.
Пеш аз ин сокинони деҳаҳои Барҷангал ва Даштак аз ин пули мошингузар, ки вайрону валангор гардида буд, бо мушкилиҳои зиёд истифода мебурданд.
Бунёди пули мошингузар на танҳо мушкилоти рафтуомади сокинонро ба маротиб осон менамояд, балки ба вусъати корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи обии “Себзор” низ мусоидат мекунад.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон раванди корҳои иҷрошуда дар сохтмони неругоҳи обии “Себзор” муаррифӣ карда шуд.
Ҳоло бо ҷалби беш аз 500 нафар коргарону мутахассисони ватанӣ корҳои сохтмонӣ дар сарбанди неругоҳ, дарвозаҳои обпарто, иншооти обтозакунӣ, толори мошинҳо ва дигар қитъаҳои иншоот идома дорад.
Неругоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд бунёд гардида, пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани 3 агрегат, он бо иқтидори лоиҳавии 11 МВт фаъолият хоҳад кард.
Бо бунёди неругоҳи обии “Себзор” иқтидори умумии ширкати “Помир энерҷӣ” 25 фоиз баланд гардида, эътимоднокӣ ва сатҳи таъминоти барқ ба 220 ҳазор нафар аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят беҳтару хубтар хоҳад шуд.
Дар доираи барномаҳои иҷтимоии лоиҳаи сохтмони неругоҳи обии “Себзор” то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шуда, мумфаршнамоӣ ва чароғонкунии 4 километр роҳи мошингард, инчунин бунёди як мактаби замонавӣ дар ноҳияи Роштқалъа ба нақша гирифта шудааст.
Баъди ба кор даровардани ҳамаи агрегатҳо дар неругоҳ 20 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мегардад.