Коршиносони Агентии байналмилалии энергетикӣ пешгӯӣ мекунанд, ки то соли 2030 иқтидори манбаъҳои барқароршавандаи энергия тақрибан се баробар афзоиш хоҳад ёфт, ки 95% дарсади онро дастгоҳҳои офтобӣ ва бодӣ ташкил медиҳанд. Гуфта мешавда, ки то охири даҳсола манбаъҳои барқароршавандаи энергия 46% дар сади талаботи умумии энергияи ҷаҳонро истеҳсол мекунанд. Таҳлилгарон бар он назаранд, ки сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, рушди энергияи барқароршаванда ҳанӯз ба суръати зарурӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои глобалии иқлим кофӣ нест.