Рӯзи 10 октябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко ҷаласаи пленарии Форуми VIII байнипарламентии «Тоҷикистон-Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» доир гардид.
Дар кори Форуми байнипарламентӣ доираи васеи ҳайатҳои парламентӣ, намояндагони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатии ду кишвар иштирок намуданд.
Дар оғози ҷаласаи пленарӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко бо суханони ифтитоҳӣ баромад карданд. Сипас, кори Форуми VIII байнипарламентии «Тоҷикистон-Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Николай Журавлев дар доираи мизҳои мудаввар, идома ёфт.
Иштирокчиёни дар чаҳорчӯби мубоҳисаҳои мизҳои мудаввар масоили рӯзафзун ва ҳалталаби дуҷонибаро вобаста ба амнияти минтақавӣ, илм, маориф ва ҷанбаҳои гуманитарӣ, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Россия, муҳокима намуданд.
Зикр гардид, ки рушди муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар асоси ҳампаймонӣ ва шарикии стратегӣ дар ҳама самҳои асосии ҳамкорӣ, аз ҷумла сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ тамоили устувор пайдо намудааст. Дар густариши пайвастаи муносибатҳои дуҷониба саҳми талошҳои муштарак ва муколамаи мунтазами Сарони ду давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин басо назаррас аст.
Ҷонибҳо бар онанд, ки нақши робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Россия ҳамчун шохаи калидии тамоми маҷмӯи муносибатҳои кишварҳои бо ҳам дӯст муҳим арзёбӣ гардида, бо дарназардошти тамоюлҳои кунунии ҷаҳонӣ, зарурати густариши муколамаи байнипарламентӣ, тақвияти талошҳои муштарак барои таҳкими фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва байниминтақавии байнипарламентӣ меафзояд. Дар ин замина, абзори муассири ҳамкории дуҷониба — Комиссияи муштарак оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия бомуваффақият амал мекунад.
Бо мақсади рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкории шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, инчунин ҷиҳати татбиқи амалии мувофиқаҳои бадастомада, иштирокдорони Форуми байнипарламентии Тоҷикистон ва Россия тавсияҳоро оид ба густариши ҳамкории байниминтақавӣ муштарак оид ба таъмини амният, масоили афзалиятноки мубориза бо ҷинояткории байналмилалӣ, таъмиқи ҳамкории амалӣ дар соҳаи илму маориф, тавсеаи ҳамкориҳои судманд дар бахшҳои саноат, инфрасохтори нақлиёт ва логистика, аграрӣ, рушди ҳамкорӣ дар бозори молиявӣ таҳия намуданд.
Дар фарҷом бо назардошти тавсияҳои мизҳои мудаввар ва табодули андешаи иштирокдорон, Ҳуҷҷати ниҳоии Форуми VIII байнипарламентии «Тоҷикистон-Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» қабул карда шуд.