Тибқи маълумоти Пажӯҳишгоҳи захираҳои табиии ҷаҳонӣ дар давоми 20 соли охир аз се як ҳисаи ҷангалҳои ҷаҳон сухта нобуд гардидааст. Аз ҳама бештар сухтори ҷангалзор дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Африқои Шарқӣ ва Ҷанубӣ ба қайд гирифта шудааст. Коршиносон афзоиш ёфтани масоҳати сӯхторро ба буридани бешумори дарахтон, гармии ғайримуқаррарӣ ва хушксолӣ рабт медиҳанд.
Шабакаи ҷаҳонии ҷустуҷӯи маълумот – Google дорои як барномаи огоҳсозии сӯхтор дар ҷангалзорҳо аст. Дар моҳи сентябр 14 мамлакати Аврупо, Африқо ва Америкаи Ҷанубӣ ба он дохил шуданд. Дар умум, ин барнома барои корбарони 20 кишвари ҷаҳон дастрас аст. Воситаи назорати сӯхтор дар харитаи барнома сохта шудааст.
Барномаи мазкур тавассути зеҳни сунъӣ маълумотро аз моҳвораи кайҳонӣ ҷамъ намуда, мантаъҳои сӯхтаро дар харита нишон медиҳад ва ба корбарони барнома, огоҳӣ мефиристад.