Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 3 октябр матлабе бо номи “Ҳамоиши оянда. Назари кишварҳои хориҷ ба мавқеъгирии Тоҷикистон” чоп кардааст. Муаллиф менависад, ки муҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, дар расонаҳои хабарии кишварҳои хориҷӣ ба таври васеъ инъикос гардид.
Ба гуфтаи муаллиф, бахсусус мавзегирии Тоҷикистон дар робита ба вазъи Афғонистон ва масъалаи Фаластин дар расонаҳои Русия, Туркия ва Афғонистон ба таври густарда бозтоб ёфтааст.
Аз ҷумла таъкид мешавад, ки дар расонаҳои кишвари ҳамсоя – Афғонистон хабару гузориш ва ҳатто барномаҳои телевизионӣ таҳия гардиданд.
Ба хулосаи муаллиф, нашри ин матлабҳо, пеш аз ҳама, баёнгари он аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеан ҳам, бо иқдомоти хайрхоҳона ва сиёсати башардӯстонаи худ мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифта, қудрати комил дорад, ки дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ҳамоно нақшофарӣ кунад.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи 1 октябр мақолае бо номи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда. Ташаббусе барои наҷоти башар” чоп кардаааст. Муаллиф менависад, Раёсати умури паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши солонаи худ гуфт, ки имсол ва соли гузашта дар ҷаҳон сатҳи баландтарини муҳоҷирати маҷбурии шаҳрвандон ба назар расид.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки моҳи майи соли равон теъдоди чунин нафарон ба 120 миллион расид ва соли дувоздаҳум аст, ки ин раванд дар ҳоли афзоиш аст. Аз ҷумла, тақрибан 75 дарсади аҳолии навори Ғазза ҳудуди 1,7 миллион нафар тарки ҷойи зист кардаанд. Сокинони Сурия бошад аҳволи вазнинтаре доранд ва қариб 14 миллион нафар аз ҷойи зисташон кӯчидаанд.
Тибқи хулосаи муаллиф, дар чунин вазъият садо додани пешниҳоди Сарвари давлат вобаста ба эълон доштани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» бисёр муҳиму саривақтист. Зеро ҷаҳон басо манзараи ҳузнангез дорад. Агар имрӯз инсоният дар гирифтани пеши роҳи ин даҳшат таъхир кунад, боз лозим меояд, ки даҳсолаҳои дигар ин хатои худро ҷуброн созад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 1 октябр мақолае бо номи Конститутсия – сарчашмаи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» чоп кардааст. Муаллифи матлаб Маҳмадалӣ Ватанзода муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон менависад, ки дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабули Конститутсияи нави ҷумҳурӣ яке аз рӯйдодҳои қобили таваҷҷуҳе ба шумор меравад, ки он дар ҳаёти кишвар дигаргуниҳои ҷиддиро ворид намуд.
Ба гуфтаи муаллиф, дар таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон раиси Комиссияи конститутсионӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусу пешниҳодҳои арзишманди худ хизмати бузурге кардаанд, ки он таҳқиқи алоҳидаро талаб мекунад.
Маҳмадалӣ Ватанзода дар идома таъкид мекунад, ки дар ташаккули давлати муосир таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳамияти бузурги назариявӣ ва амалию сиёсиро доро гардида, он ҳамчун шиносномаи миллат, ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз дар роҳи бунёди давлатдории муосири тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини амнияти давлатӣ, субот, ваҳдат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, нақши барҷастаи таърихиро гузошт.
Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар матлаби дигари хеш хабар медиҳад, ки Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Вазири ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ доктор Тавфиқ ибни Фавзон ар-Рабиъа мулоқот намуд.
– Робитаҳои қавии кишварҳоямон аз пайвандҳои маънавию таърихии ду мардуми бародар ва муносибатҳои бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Шоҳи Арабистони Саудӣ, маншаъ мегиранд, — иброз дошт Зокирзода.
Ба гуфтаи Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, имрӯз имконоти амалӣ фароҳам аст, то сатҳи сифатан нави ҳамкорӣ таъмин гардад. Гуфта шуд, ки тамоми воситаҳоро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо бо назардошти манфиатҳои миллии ҳар ду кишвари бародар истифода намудан зарур аст. Зикр гардид, ки дар Маҷлиси намояндагон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ босамар фаъолият дошта, ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар яке аз абзорҳои муҳими муносибатҳои ҳар ду кишвар маҳсуб мегарданд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 3 октябр бо такя ба маълуомти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои тадқиқоти буҷети хонаводаҳо дар соли 2023-ро нашр кард. Тибқи ин гузориш дар давоми 8 соли охир даромади умумии хонаводаҳо дар Тоҷикистон бар сари ҳар нафар 2,6 баробар афзуд.
Гуфта мешавад, ки агар соли 2016 даромади як нафар ба ҳисоби миёна дар як моҳ 351,14 сомониро ташкил медод, пас дар охири соли 2023 ин маблағ ба 920,83 сомонӣ баробар шудааст.
Бо ин вуҷуд ба гуфтаи муаллиф, дар амал одамон аксар вақт шикоят мекунанд, ки пули ба даст овардаашон хароҷоти онҳоро намепӯшонад. Дар идома гуфта мешавад, ки афзоиши нархи маҳсулот ва хизматрасонӣ мушкилоти асосии аксари хонаводаҳо дониста мешавад. Дар ҳамин ҳол, ба эътиқоди бархе аз коршиносон, истифодаи ғайриоқилона ва хароҷоти пул мушоҳида мешавад, ки ин ҳолат ба сатҳи пасти саводнокии молиявии аксарияти аҳолӣ вобаста аст.
Нашрияи “Ҷаҳони паём” дар шумораи 2 октябр матлабе бо номи “Тоҷи шараф бар сар дорад, забои тоҷикӣ” чоп карда, навиштааст, ки дар воқеъ забони тоҷикӣ нигоҳдорандаи фарҳанг ва асолати миллии мост. Муаллиф таъкид мекунад, ки махсусан нашри китоби “Забони миллат-ҳастии миллат”-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи арҷгузорӣ ба фарҳангу забони миллии мост. Дар идома зикр мешавад, ки хушбахтона солҳои охир соҳибкорони тоҷик низ бо масъулияти зиёд ба номгузории маҳсулоти худ муносибат карда, вожаҳои тоҷикиро истифода мебаранд.
Нашрияи “Ҷаҳони паём” дар ин шумораи худ инчунин хабар дод, ки аз 22 то 24 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мешавад. Дар ин намоишгоҳ ноширон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин Туркия, Эрон ва Чин иштирок менамоянд.
Ҳадаф аз баргузор кардани намоишгоҳ муаррифии китоб ва таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ дар ҷомеа мебошад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”