4 довталаб соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардиданд

Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуд. Дар он 4  довталаб сазовори Шоҳҷоиза гардиданд.

Хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Муъминобод Табассуми Ҷиёнхон дар номинатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» сазовори Шоҳҷоиза гардид. Дар номинатсияи «Адабиёти классикии тоҷик» донишҷӯйи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Данғара Анушервон Раҳимов, дар номинатсияи «Адабиёти муосири тоҷик» хонандаи синфи 4-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Мастчоҳ Умеда Шарифова, дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и ноҳияи Рӯдакӣ Фариса Холиқова сазовори Шоҳҷоиза гардиданд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба омӯзгороне, ки шогирдони босаводу бомаърифат тарбия намудаанд, падару модароне, ки барои китобҳои бадеӣ хондани фарзандони худ шароити мусоид фароҳам овардаанд, аз номи муассиси озмун —  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои дастгирии ташаббусҳои маорифпарварона ва иштироки фаъолона арзи сипос намуд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли ҳафтум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар байни аҳолии мамлакат баргузор мегардад.

Гулрӯ Ниёззода,

радиои «Тоҷикистон»