6 декабри соли 2025 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки роҳбарони намояндагиҳои корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе намоишгоҳи хайриявӣ доир гардид.
Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода дар баромади худ доир ба мақсаду мароми ин чорабинӣ суханронӣ намуда, қайд намуд, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ташаббус ва иқдомҳоест, ки бевосита ба нафъи инсон, таҳкими сулҳ, амният ва рушди устувор равона шудаанд. “Мо бар ин боварем, ки амалҳои хайриявӣ ва иқдомҳои ҳамоҳангу дастаҷамъонаи башардӯстона метавонанд умеду илҳоми тозаеро ба қишри ниёзманди ҷомеа ба бор оварад”, — таъкид намуд ӯ.
Қайд карда шуд, ки намоишгоҳ дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, ба таҳкими ҳамкорӣ, густариши робитаҳои инсонӣ ва дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа саҳми арзанда мегузорад.
Дар доираи чорабинӣ намояндагиҳои дипломатӣ маҳсулоти қаннодӣ, хӯрокҳои миллӣ, армуғон ва ҳунарҳои мардумии хешро фурӯхта, маблағи бадастомадаро баҳри дастгирии ниёзмандону маъюбон ба қуттии хайриявӣ гузоштанд.
