4 декабр, соати 10:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Дар ин хусус аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 434 довталаб аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Аз ҷумла, 74 довталаб аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 90 нафар аз вилояти Суғд, 90 нафар аз вилояти Хатлон, 90 нафар аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 90 довталаб аз шаҳри Душанбе сабқат намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли ҳафтум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар байни аҳолии мамлакат баргузор мегардад.
